Эдуард Артемов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эдуард Артемов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 30 ноябр 1937(1937-11-30)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 декабр 2022(2022-12-29)[3] (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, оҳангсози филм
Соз соз-калид
Сабк Мусиқии электронӣ ва мусиқии филм
Ношир(он) Musea[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Артёмов Эдуард Николаевич (30 ноябр 1937[1][2], Новосибирск29 декабр 2022[3], Маскав) — оҳангсози рус, Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Русия (1999).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Консерваторияи Москва. Дар Москва зиндагӣ ва кор мекунад. Барои донишҷӯёни бахши композитории Консерваторияи Москва дарс медиҳад. Бештар бо навиштани мусиқӣ ва суруд барои кинофилмҳо машҳур аст. Барои филмҳои А. Тарковский, Н. Михалков, А. Канчаловский ва дигарон суруду мусиқӣ ҷод кардааст. Барои филмҳои зерини истеҳсоли «Тоҷикфилм» мусиқӣ ва суруд навиштааст: «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна» (реж. С. Ҳомидов, 1968), «Асрори зиндони Павиак» (реж. С. Ҳомидов, 1970), «Асрори гузаргоҳи фаромӯшшуда» (реж. С. Ҳомидов, 1973), «Ҳафт домоди дуздидашуда» (реж. С. Ҳомидов, 1977), «Ҷондор» (реж. А. Ҳамроев, 1979), «Муҳаббати ман — инқилоб» (реж .О. Тулаев, 1981), «Дастгиркунӣ» (реж. М. Маҳмудов, 1982), «Марди роҳ» (реж. Давлат Худоназаров, 1984). Эдуард Артемов дар мусиқиаш бештар имкониятҳои электрониро истифода мекунад. Дар баррасии консепсияи умумии филм мелоси (оҳанг) миллӣ ва суннатҳои мусиқии тоҷикиро ба назар гирифта, тибқи талаботи таззоди драматургии филм дар колбади мусиқии симфонии полифонӣ баррасӣ менамояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]