Эмил Гилелс
русӣ: Эмиль Гилельс | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 6 (19) октябр 1916[1] ё 19 октябр 1916[2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 14 октябр 1985[1][4][5][…] (68 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | пиёнунавоз, омӯзгори мусиқӣ |
Соз | фортепиано |
Сабк | мусиқии килоссик[d] |
Ҷоизаҳо | |
emilgilels.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Эмил Григоревич Гилелс (6 [19] октябр 1916[1] ё 19 октябр 1916[2][3], Одесса, губернияи Херсон[d][6][2] — 14 октябр 1985[1][4][5][…], Маскав[2]) — пианинанавози рус, Артисти халқии ИҶШС (1954). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1976).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Консерваторияи Одесса (1935). Дар овони донишҷӯӣ (1933) дар озмуни умумишӯравии мутрибону овозхонони Маскав барандаи ҷоизаи аввал гардид. Солҳои 1935-38 дар Консерваторияи Маскав, дар гурӯҳи Г. Г. Нейгауза, таҳсил кард. Ғолиби озмуни байналмилалии Брюсел (1938).
Аз соли 1938 устод ва аз соли 1952 профессори Консерваторияи Маскав. Эмил Гилелс зимни офариниши асар пеш аз ҳама дар назди хеш ҳадафҳои баланди адабӣ мегузошт ва ҳамзамон бо пайгирии ҷиддӣ саъй мекард, ки матнро дар робита ба қаринаи бадеиву эстетикии даврони эҷодшудааш саршор аз ғанои мусиқию адабӣ кунад. Ӯ дар дастаи сегонаи пианино ҳамроҳи Л. Б. Коган ва М. Л. Ростропович бо беҳтарин оркестрҳои ҷаҳон зери роҳбарии дирижёрҳои номдор — О. Йохум, Ф. Райнер, Ҷ. Сэлл, К. П. Кондрашин ҳунарнамоӣ кардааст. И. М. Жуков, В. П. Афанасев аз шогирдони машҳури ӯянд. Эмил Гилелс академики фахрии Академияи шоҳии мусиқии Лондон (1969), Академияи мусиқии ба номи Р. Лист (Будапешт, 1970), Академияи «Санта-Чечилия»-и Рум (1980) буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи мукофоти сталинӣ (1946) ва ленинӣ (1962). Бо се ордени Ленин, орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ» ва ордену медалҳои хориҷӣ сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ 3.0 3.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 4.0 4.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 5.0 5.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 6.0 6.1 Гилельс Эмиль Григорьевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гилелс Эмил Григоревич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Хентова С. Э. Гилельс. М., 1959;
- Баренбайм Л. А. Э. Гилельс: Творческий портрет артиста. М., 1990;
- Гордон Г. Эмиль Гилельс: За гранью мифа. М., 2007.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 19 октябр
- Зодагони соли 1916
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 14 октябр
- Даргузаштагони соли 1985
- Даргузаштагони Маскав
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Мутрибон аз рӯи алифбо