Jump to content

Энсиклопедияи насри форсу тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» — донишномаест, ки аз 8 китоб иборат буда, намунаҳои барҷастаи насри классикии форсу тоҷикро фаро гирифтааст[1].

Дар китобҳои 1‒2 қиссаи «Самаки айёр», ки аз 7 ҷилд иборат аст, ҷой дода шудаанд. Қиссаи мазкур ганҷинаи бузурги забони зиндаи гуфтугӯии асрҳои 11‒13 буда, нафосату зарофат, тарию тозагӣ ва рангу нақши забони халқро нигоҳ доштааст.

Гирдоварандаи «Самаки айёр» аз ибораҳои рехтаи халқӣ фаровон истифода бурдааст. Ин қисса дар таърихи такомули жанри насри ривоятии форсу тоҷик бо мундариҷа ва бадеияти худ мақоми алоҳида дорад. Барои аз хатти арабиасос ба кириллӣ баргардон кардани 4 ҷилди аввали «Самаки айёр» (аз Парвиз Нотили Хонларӣ) муҳаққиқи насри форсу тоҷик Ю. Салимов, ҷилдҳои 5‒7-и он донишмандон К. Чиллаев, А.Ҷалолов, Ҷ. Азизқулов (муҳаррир), М. Диловаров (муҳаррири масъул) ва дигарон саҳм гузоштаанд. «Самаки айёр» қиссаи размию базмист, вале дар он аз забони қаҳрамонон панду андарзҳое омадаанд, ки барои тарбияи ахлоқии хонандагон аҳаммияти калон доранд. Дар саҳифаҳои аввали он аз эҳтироми падару модар ва пирон сухан меравад. Баъзан ростӣ тавсиф мешавад («Бидон ва огоҳ бош, ки дар ҷаҳон ҳеч беҳ аз ростӣ нест…..»), дурӯғ гуфтан хислати ҷавонмардон нест («…ҷавонмардон дурӯғ нагӯянд, агар сари эшон ба он кор биравад») ва ғ. Дар китоби 1-и «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» аз «Самаки айёр» қиссаҳоеро дар хусуси пойдорӣ ба савганд ва аҳду вафо, нигаҳдории амонат, мардӣ ва мардонагӣ, ситоиши хираду дониш ва дурӣ аз худситоӣ, васфи занон ва эҳтироми онҳо, дар хонадорӣ ‒ оиладорӣ босубот будан ва ғ-ро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои китоби 2 саъю талоши Самак бо ёрону ҳаммаслаконаш (Рӯзафзуну Абрак), бо ҷавонмардону айёрони шаҳру кишварҳои гуногун дар бораи барқарор сохтани ростиву адолат, ба висол расидани дилдодагон ва ғ. зикр шудааст. Дар ин қисса ба саҳнаи амалиёт қаҳрамонони нав, аз ҷумла шоҳони неку бад, адолатпарвару золим, паҳлавонони бузург, шахсиятҳои хайрхоҳу ҷавонмардон, мардуми одии бозорӣ, занони бовафо паҳлавону ҷанговар [монанди Мардондухт, Гурдофарид (аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ)], париёну ҷодугарон ва дигарон мебароянд. Офарандагони достони «Самаки айёр» аз «Шоҳнома» ва қаҳрамонони он огоҳии комил дошта, паҳлавонони худро дар зӯру бозуи нерумандӣ ба онҳо ташбеҳ медиҳанд. Достони «Самаки айёр» бо сужети моҷароӣ ва мураккаб, композитсия, ривоҷи воқеаҳо, тасвири манзараҳои табиат, хусусиятҳои бадеиву забони шево ва тарзи баён, зарофати забони гуфтугӯии халқ суханони ҳикматомезе, ки қаҳрамонон ба забон меоранд барои хонандагон муфид ва арзишманд мебошад. Китоби 1-уми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» дар 884 саҳ. соли 2007 дар Комбинати полиграфии Душанбе ва китоби 2-юм дар 793 саҳ. соли 2008 дар матбааи «Матбуот» бо теъдоди 200 нусхаӣ ба табъ расидаанд.

Дар китоби 3-юми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» асари «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, ки аз рӯи «Куллиёт»-и ӯ (ҷилдҳои 6‒7, ки соли 1962 ба табъ расидааст) рӯнавис шудааст, ҷой дода шудааст ва аз 4 қисм (дар саҳро; дар шаҳр) иборат аст. «Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои С. Айнӣ буда, ба бисёр забонҳои халқҳои ИҶШС ва мамлакатҳои хориҷӣ тарҷима шудааст. Охирин асари С. Айнӣ мебошад, ки нотамом мондааст. Қаҳрамони асар худи нависанда буда, воқеаҳои гуногуни замони хешро ба қалам додааст. «Ёддоштҳо» (680 саҳифа) соли 2009 дар Комбинати полиграфии Душанбе бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расидааст.

Китоби 4-уми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» асарҳои «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам» ва Тӯтинома»-ро дар бар мегирад. «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ соли 1500 эҷод шуда, ба Абулмуҳсин Мирзо (писари Ҳусайни Бойқаро) бахшида шудааст. Китоб аз 40 боб иборат буда, мавзӯъҳои ибодат, ихлос, шукр, сабр, ризо, таваккул, адаб, ҳиммат, шавқат, саховат, эҳсон ва ғ-ро фаро гирифтааст. «Саргузашти Ҳотам» намунаи насри ривоятии тоҷик буда, бо номҳои «Қиссаи ҳафт сайри Ҳотами Той» ва «Ҳафт саргузашти Ҳотам» дар байни мардуми Осиёи Марказӣ маъруфият дорад. Дар асрҳои 18‒19 ба аксари забони Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, (ҳиндӣ, урду, туркманӣ, ӯзбекӣ) ва дар Аврупо ба забони англисӣ, порчаҳои алоҳидаи он ба забони русӣ тарҷума шудаанд. «Тӯтинома»-и Муҳаммад Худованд Қодирӣ ба забони содда дар шакли ҳикояҳои хурд таълиф шудааст. Аз ибтидои асри 19 ба чандин забонҳои дунё (ҳиндӣ, урду, банголӣ, пушту, ӯзбекӣ, туркманӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, русӣ) тарҷума гардидааст. Китоби 4-и «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» аз 401 саҳ. иборат буда, соли 2009 дар матбааи «Шарқи Озод» бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расидааст.

Китоби 5-уми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» асарҳои «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ, «Дастур-ул мулук»-и Самандари Тирмизӣ ва насру назми Убайди Зокониро дар бар гирифтааст. «Латоиф-ут-тавоиф» аз ҷиҳати ҳаҷм, мундариҷа, баёни афкори иҷтимоию сиёсӣ ва панду ахлоқӣ дар эҷодиёти Алии Сафӣ мавқеи намоён дорад. Аз 14 боб (ҳар боб аз чанд фасл) иборат буда, ҳар як воқеаи мушаххас, рафтору амалиёти фарди ҷудогона бо ҷамъбасти бадеӣ ба қалам дода шудааст. Мардуми одиро ҳамеша аз синфи ҳоким боло мегузорад. «Латоиф-ул-тавоиф» аҳаммияти калони илмӣ дошта, доир ба 80 шоиру насрнавис ва 20 санъати бадеӣ маълумот медиҳад. «Дастур-ул-мулук» асари панду ахлоқӣ буда, аз ҷиҳати мундариҷаи ғоявӣ ва санъати бадеӣ яке аз беҳтарин асарҳои асри 17 мебошад. Масъалаҳои тарбияиву ахлоқӣ (панду насиҳат ба мамлакатдорон, усул ва шарти мамлакатдорӣ, қадр намудани аҳли ҳунару дониш, мардонагӣ ва шуҷоат, сулҳ, мақоми тарбия, одоби сухан гуфтан, зарари ғазаб)-ро дар бар мегирад. Таҳти насру назми Убайди Зоконӣ рисолаҳои «Ахлоқ-ул-ашроф», «Дилкушо», «Таълифот», «Сад панд», «Ришнома», маснавиҳои «Ушшоқнома», «Муш ва гурба», қасидаҳо, қитъаҳо ва рубоиёти Убайди Зоконӣ дода шудаанд. Китоби 5-уми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» аз 468 саҳ. иборат буда, соли 2010 дар Комбинати полиграфии Душанбе бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст.

Китоби 6-уми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» асарҳои «Наводир-ул вақоеъ», «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития»)-и А. Дониш ва ҷилди 5-и «Ёддоштҳо»-и С. Айниро дар бар мегирад. «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш дар давоми солҳои 1875‒82 таълиф шудааст. Аз муқаддима (муаллиф мақсад ва вазифаи худро аз таълифи асар баён кардааст) ва 23 боб иборат аст. Дар асар масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданию адабӣ таҳлилу таҳқиқ шудааст. Афкори маорифпарварӣ, ки ба ҳаёти маънавии он замон таъсири бузурге дошт, дар «Наводир-ул-вақоеъ» дарҷ гардидааст. Сабку услуби бадеии асар барои ба вуҷуд омадани насри реалистии он замон нақши муҳим бозидааст. «Рисола ё мухтасаре аз таърихи манғития» аз муқаддима оғоз гардида, фарогири мавзӯъҳои «Харобии назм дар замони амир Дониёл ва тарзи салтанати амир Шоҳмурод», «Баъзе аз воқеаҳои амир Ҳайдар», «Марги амир Хайдар ва замони салтанати амир Ҳусайн ва Умар», «Замони салтанати Амир Насруллоҳ ва тарзи мамлакатдории ӯ», «Баъзе аз воқеаҳои замони салтанати амир Музаффар, тарзи маишат ва мамлакатдории ӯ» ва ғ. мебошад. Рисолаи мазкур қисмати аввали асарест, ки Аҳмади Дониш онро тамом карда натавонист. Муҳаққиқон вобаста ба мазмуну мундариҷа ба он «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Тарҷумаи ҳоли амирони манғития» ном мондаанд. Дар замони пиронсолии А. Дониш (баъди 10 соли таълифи «Наводир-ул-вақоеъ») навишта шудааст. Ҷилди 5-уми «Ёддошт»-и С. Айнӣ аз муқаддима («китобе, ки 70 сол зиндонӣ буд») оғоз мегардад. Баъдан мавзӯъҳои «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (мактаби усули савтия), «Мактаби аввал ва усули савтия дар Бухоро», «Як назар ба аҳволи уламои Бухоро», «Мактаби тоторон», «Вафоти амир Абдулаҳад ва ҷулуси амир Олимхон», «Иҷмоли аҳволи таррақипарварон баъд аз инқилоб» ва мавзӯъҳои дигарро дар бар мегирад. Китоби 6-уми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» аз 327 саҳ. иборат буда, соли 2010 дар Комбинати полиграфии Душанбе бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст.

Китоби 7-уми «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» асари «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ фаро гирифтааст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар адабиётшиносии форсу тоҷик ҳамчун сарчашмаи илму адаб мақоми баланд дорад. Дар он Восифӣ доир ба ҳаёту фаъолияти як зумра шоирону адибони замони хеш (Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Биноӣ, Дарвеши Деҳакӣ) маълумоти дақиқ додааст. Ин асар аз ҳикоёту қиссаҳои аҷиб ва баъзан моҷароӣ таркиб ёфта, дар онҳо ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангии охири асри 15 ва нимаи аввали асри 16-и Хуросону Мовароҳуннаҳр бозтоб мешавад. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз 734 саҳ. иборат буда, соли 2014 дар матбааи «Эр-граф» бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст.

Дар доираи «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» СИЭМТ ҳамчунин таҳти унвони «Қиссаҳо аз „Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт“-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ» ба табъ расонидааст. «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт» намунае аз осори Муҳаммад Авфии Бухороӣ буда, чун раҳнамои маънавӣ, маърифатӣ ва ахлоқӣ бо ҳикояҳо оро ёфтааст. Китоб фарогири ҳикояҳои «Шайтон ва Фиръавн», «Марде, ки бояд намирад», «Саги гумшуда», «Подоши некӣ», «Гавҳари гумшуда», «Ҳотами Той ва бародараш», «Чоҳ макан ба ҳар касе», «Арзиши қаноат», «Паёми марди олим» ва ғ. мебошад. Он аз 84 саҳифа иборат буда, соли 2015 дар матбааи «Андалеб-Р» бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст.

Силсилаи асарҳое, ки таҳти унвони «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» ба табъ расидаанд, аз нашрияҳои солҳои пеш дар Тоҷикистон чопшуда, рӯнавис гардида, дар дигар сохту андоза муқовабандию саҳифабандӣ шудаанд. Хатоҳои нашрияҳои қаблӣ тавассути муқоиса бо дигар нашрҳо (аз ҷумла нусхаҳои хаттиву чопии форсӣ) то ҳади имкон ислоҳ гардидаанд. Матни китобҳои «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик» ба Имлои забони тоҷикӣ (1998) мутобиқ карда шуда, барои доираи васеи хонандагон тавсия шудааст. Дар тадвину таҳияи китобҳо муҳаррирони СИЭМТ Муаззам Диловаров, Алибой Қурбонов, Ҷумъабой Азизқулов, Нуриддин Шарипов, Баҳодур Раҳматов ва дигарон саҳм гузоштаанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Энсиклопедияи насри форсу тоҷик. donishnoma.tj. СИЭМТ. 17 августи 2022 санҷида шуд.