Эраҷ Мирзо
Таърихи таваллуд: | октябри 1874 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 14 март 1926[1] (51 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Эраҷ Мирзо (форсӣ: ایرج میرزا; октябри 1874, Табрез — 14 март 1926[1], Теҳрон) — шоир, тарҷумон ва нависандаи эронӣ, аз пешгомони таҷаддуд дар адабиёти форсӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоҳзода Эраҷ Мирзо Ҷалолулмамолик аз барҷастатарин чеҳраҳои арсаи шеъри васфӣ, таълимӣ, интиқодӣ, танзу мутоиба дар даврони таҷаддуд ва навоварӣ аст. Ӯ дар соли 1874 дар Табрез ба дунё омад. Шоири эронӣ дар оилаи шоҳзодаи фақиргаштаи коҷор. Аз хурдӣ ба шеъргӯи пардохт. Дорулфунуни Табрезро хатм намуда, илмҳои мантиқ, фалсафа, маонӣ ва баёнро омӯхт. Фақирона мезист. Соли 1892 ба дарбори Музаффаруддиншоҳ ба хидмат омад. Дар ҷавонӣ ба фармони Музаффариддиншоҳи Қоҷор ба сурудани қасоид ва қитъаоти мадҳӣ ва расмӣ ҷиҳати аъёд ва маросим машғул шуд. Дар дарбор бо қасидаҳои мадҳияш шуҳрат пайдо кард ва ба лақабҳои ифтихории «Садрушшуаро» ва «Фахрушшуаро» мушарраф шуд. Вале шоири дарбор будан ба дилу нияти вай мувофиқ набуд. Соли 1896 дарборро тарк карда, дар идораҳои боҷхона, палатаи савдо, Вазорати маориф, идораи молия кор кард. Солҳои 1917—1924 дар Машҳад зистааст ва дар ҳамонҷо забонҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ ва фаронсавиро омӯхт ва низ улуми маонӣ, баён ва мантиқро фаро гирифт. Марги ҳамсар, падар ва баъдҳо худкушии писараш зиндагиро бар ӯ ногувор сохт. Вай дар соли 1926 вафот кардааст.[2]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Шигифтии шахсияти адабии ӯ муйорин аст бо айёми иқомати панҷсолаи ӯ дар Хуросон, Манзумаи маъруф ва ҳаҷвомези «Орифона» (мутассир аз «Ҷалоирнома»-и Қоиммақоми Фароҳонӣ), ки шуҳрати фарогири ӯро ба дунбол дошт, ҳосили ҳамон даврон аст. Девони ашъори Эраҷ Мирзо, ки тақрибан 4000 байт дорад, шеърҳои гуногуни лирикӣ, ҳаҷвӣ, маснавиҳои «Орифнома», «Зӯҳра ва Манучеҳр»-ро дар бар мегирад. Дар давраи авҷи ҳаракати миллии озодихоҳӣ дар ашъори Эраҷ Мирзо ҳақиқати зиндагӣ ва муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии замон ба миён гузошта шудааст.[3] Ҳамчунин манзумаи «Зуҳра ва Манучеҳр», ки тарҷумаи шоиронаест аз «Винис ва Адунис»-и Шекспир ва қитъаоти "Қалби модар ", «Инқилоби адабӣ» ва ғайра аз дигар осори машҳури ӯ ба шумор мераванд. Аслитарин мазомини сурудаҳои Эраҷ Мирзо иборатанд аз интиқод аз авзои кишвар ва замондорон, таблиғу тарвиҷи фарҳангу улуми ҷадид, ватанпарастӣ, танзу ҳаҷви дӯстона ё иҷтимоӣ, афкори таълимӣ ва отифие назири дифоъ аз ҳуқуқи иҷтимоии зан, эҳтиром ва сипосмандӣ нисбат ба мақоми модар ва ғайра. Эраҷ Мирзо аз барҷастатарин сарояндагонест, ки дар дамидани руҳи омиёна ба колбуди забони шеъри форсӣ саҳме басазо дорад. Дар осори ӯ ҳамнишинии вожагон, истилоҳот ва таъбироти адабӣ ва таобири рӯзмарра, идорӣ ва омиёна ва аз тарафе балоғате чашмгир боис шудааст, ки вайро «Саъдии сонӣ» биноманд, албатта забони гарму баёни шӯх ва танзомезу ҳаҷвиёти вай гоҳ ба сароҳат ва ракокати калом меанҷомад, ки ҳамин нукта шеъри ӯро дар арсаи нақд ва нигариши ахлоқӣ дар мавориде камранг месозад. Эраҷ Мирзо шоире ҳинҷорангез ва то ҳудуде суннатшикан буд ва дар канори шоироне амсоли Баҳор ва Орифу Ишқӣ ва садоҳои ошноги давраи Машрута аст, аммо метавон гуфт, ки Эраҷ Мирзо бештар ба интиқод аз ҷомеаи асри хеш ва ба фарҳанг пардохта ва аз ҳаяҷоноти тунди сиёсӣ ва инқилобӣ барканор мондааст, ҳарчанд, ки сиёсатмадорон ва зимомдорони аср аз теғи танзи газандаи ӯ дар амон намондаанд.[2]
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Беҳтарин шеърҳои Эраҷ Мирзо дар васфи модар ва зан гуфта шудаанд «Модар», «Дили модар» ва ғайра. «Модарнома»-и Эраҷ Мирзо дар тамоми адабиёти Шарқ мавқеи баланд дорад. Эраҷ Мирзо яке аз асосгузорони адабиёти бачагонаи муосири форсист.
- МОДАР
- Гӯянд маро чу зод модар,
- Пистон ба даҳан гирифтан омӯхт,
- Шабҳо бари гоҳвораи ман,
- Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
- Дастам бигирифту по ба по бурд,
- То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
- Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,
- Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
- Чун ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
- То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.[2]
- ҚАДРИ МОДАР
- Писар, рав қадри модар дон, ки доим
- Кашад ранҷи писар, бечора модар.
- Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад
- Туро беш аз падар, бечора модар.
- Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад
- Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.
- Нигахдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз,
- Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.
- Аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ нағалтад,
- Шаб аз бими хатар, бечора модар.
- Ба вақти зодани ту марги худро
- Бигирад дар назар, бечора модар.
- Бишӯяд куҳна, орояд наватро,
- Чу камтар коргар, бечора модар.
- Тамузу дай туро соат ба соат
- Намояд хушку тар, бечора модар.
- Агар як атса ояд аз димогат
- Парад ҳушаш зи сар, бечора модар.
- Агар як сурфае беҷо намой.
- Хӯрад хуни ҷигар, бечора модар.
- Барои он, ки шаб роҳат бихобӣ,
- Нахобад то саҳар, бечора модар.
- Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту
- Надорад хобу хӯр, бечора модар.
- Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,
- Кашад ранҷи дигар, бечора модар.
- Сипас чун по гирифтй, то наяфтӣ,
- Хӯрад ғам бештар, бечора модар.
- Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,
- Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.
- Ба мактаб чун равӣ, то бозгардӣ,
- Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.
- Агар як рубъи соат дер оӣ,
- Шавад аз худ бадар, бечора модар.
- Набинад ҳеч кас заҳмат ба дунё
- Зи модар бештар, бечора модар.
- Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
- Ки дорад як писар, бечора модар.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://pantheon.world/profile/person/Iraj_Mirza
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. — Душанбе 2012. — С.49
- ↑ 3.0 3.1 Эраҷ Мирзо — мадеҳасарои модар Бойгонӣ шудааст 26 августи 2017 сол..
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзо, Э. Наврӯзи кӯдакон: Шеърҳо барои бачагони синни хурди мактабӣ / Тартибдиҳанда Н. Шанбезода. — Душанбе: Ирфон, 1972. — 32 с.
- Мирзо, Э. Муҳабати модар: Шеър // Бо роҳи Ленинӣ. — 1941. — № 3. — С.
- Мирзо, Э. Модар: Шеър // Бо роҳи Ленинӣ. — 1941. — № 2. — С. 24.
- Мирзо, Э. Рӯзу шаб: Шеър // Шарқи Сурх. — 1958. — № 9. — С. 100—101.
- Бақоев, М. Мирзо, Эраҷ Ҷалоламулк: Маълумот дар бораи шоири машҳур ва тарраққипарвари Эрон, Э. Мирзо // Тоҷикистони советӣ. — 1959. — 9 апрел.
- Мирзо, Э. Модар: Шеър // Машъал. — 1960. — № 2. — С.1.
- Мирзо, Э. Модарнома // Занони Тоҷикистон. — 1961. — № 12. — С. 16-17.
- Намунае аз ашъори Эраҷ Мирзо 1873—1926: Коргар; Вафо; Ду ғазал: Шеърҳо / Ба чоп тайёркунандагон Қ.Киромов, Т.Бердинва // Маъориф ва маданият. — 1962. — 25 январ.
- Мирзо, Э. Меҳри модар: Шеър // Пионери Тоҷикистон. — 1964. — 8 март.
- Мирзо, Э. Ранҷи модар: Шеъри шоири Эрон // Занони Тоҷикистон. — 1966. — № 8. — С.11.
- Мирзо, Э. Модар: Шеър / Ба чоп тайёркунанда Ҷ. Шанбезода // Занони Тоҷикистон. — 1973. — № 2. — С. 17.
- Мирзо, Э. Дили модар: Шеър // Ба пеш. — 1991. — 16 март.
- Ватанпур, А. Баъзе хасаиси шеъри кӯдакии Э. Мирзо: Шоири эронзамин // Адаб. — 2011. — № 2. — С.12-14.[1]
- ↑ Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>
ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номиЭраҷ Мирзо – мадеҳасарои модар
ворид нашудааст