Эшниёз Боймуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эшниёз Боймуродов
Эшниёз Боймуродов
Таърихи таваллуд 4 апрел 1945(1945-04-04)
Зодгоҳ ноҳияи Бойсун ҶШС Узбакистон
Таърихи даргузашт 2005(2005)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Эшниёз Боймуродов (4 апрели 1945, деҳаи Дарбанд, ноҳияи Бойсун, ҶШС Узбакистон — 2005, Душанбе) — физикдони тоҷик, дотсент, доктори илмҳои техникӣ (1999).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Эшниёз Боймуродов баъди хатми Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1967) фаъолияти илмиашро дар вазифаи ассистенти кафедраи физика оғоз намуда, сипас, дар аспирантураи ҳамин Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсилро давом додааст. Аз соли 1978 ассистент-намоишгар, муаллими калон (1987), дотсент (1994), мудири кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ (2000).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳқиқоти илмии Эшниёз Боймуродов, асосан, дар соҳаи физикаи полимерҳо буда, механизмҳои турушшавии полимерҳои гуногунро дар шароитҳои таъсири якҷои шиддати механикӣ, нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат омӯхтааст. Натиҷаи корҳои илмии Эшниёз Боймуродов дар як қатор корхонаҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи Руссия татбиқ шуда, дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷии дуру наздик ба чоп расидаанд. Эшниёз Боймуродов зиёда аз 120 мақолаву дастури илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Эшниёз Боймуродов узви Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои соҳаи физика ва математика ва узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1993) буд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Механика. Д., 2003.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]