Юрий Григорович
Таърихи таваллуд: | 2 январ 1927[1] (97 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | хореограф, рақсанда, омӯзгори мусиқӣ, балетмейстер, ҳунарпешаи балет, коргардон, коргардони филм, филмноманавис, ballet teacher, публисист |
Солҳои фаъолият | 1946 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ю́рий Никола́евич Григоро́вич (зод. 2 январ 1927[1], Санкт-Петербург) — ҳунарпешаи балет, балетмейстер, хореограф ва педагоги рус, Артисти халқии Федератсияи Русия (1966), Артисти халқии ИҶШС (1973), Артисти халқии ҶШС Ӯзбекистон (1981), Корманди шоистаи Қазоқистон, Артисти халқии Ҷумҳурии Бошқирдистон (1996), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1986).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград дар Театри опера ва балети Ленинград ба номи С. М. Киров (1946-61) кор карда, нақшҳои Бути тилоӣ («Баядерка»-и Л. Минкус), Нуралӣ («Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев), Шурале («Шурале»-и Ф. З. Яруллин) ва ғ.-ро бозид. Солҳои 1961-64 балетмейстери ҳамин театр буд. «Гули сангӣ» (1957) ва «Достони муҳаббат»-и А. Д. Мелниковро (1961) ба саҳна гузошт. Бозтоби бузурги нахустин намоишномаҳои Г. ӯро ҳамчун ислоҳотгари балет шуҳратёр кард ва бузургтарин театрҳои шӯравию хориҷӣ ба вай ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Солҳои 1964-95 сарбалетмейстери Театри Калони Маскав ва солҳои 1988-95 роҳбари бадеии гурӯҳи балет буд. Асарҳои ба саҳна гузоштаи Г.: «Сабуксор»-и П. И. Чайковский (1966), «Спартак»-и А. И. Хачатурян (1968), «Иван Грозный», бар оҳанги Прокофев (1945; Операи Порис, 1976), «Ангара»-и А. Я. Эшпай (1976), «Ромео ва Ҷулйетта» (1979, нахустин саҳнагузорӣ дар Операи Порис, 1978), «Асри тилоӣ»-и Д. Д. Шостакович (1982). Балетҳои классикии «Нозанини ҳуфта» (1963, таҳрири нави он 1973), «Кӯли қувон» (1969, ҳар ду аз П. И. Чайковский), «Раймонда»-и А. Глазунов (1984), «Жизел»-и А. Адан (1987), «Баядерка» (1991) ва «Дон Кихот»-и (1994) Минкус ва ғ.-ро бо таҳрири хореографӣ ба саҳна гузоштааст.
Принсипи асосии эҷодии Г. симфонизми хореографии рақс, бахусус рақси классикист. Дар балетҳои Г. нақши рақси мардона ва кордебалет боло бурда шуд. Г. солҳои 1974-88 профессори шуъбаи балетмейстерии Консерваторияи Ленинград, 1975-85 президенти Кумитаи рақси Институти байналмилалии театр, аз соли 1988 мудири кафедраи хореографии Институти хореографияи Маскав (аз соли 1995 Академияи давлатии хореографияи Маскав), аз соли 1989 президенти Ассотсиатсияи ходимони хореография, аз соли 1990 президенти бунёди «Русский балет», 1991-94 роҳбари бадеии труппаи «Балети Юрий Григорович» буд. Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1970) ва Мукофоти давлатии ИҶШС (1977, 1986), Мукофоти давлатии ҶШС Ӯзбекистон (1981). Бо 2 ордени Ленин, се дараҷаи ордени «Барои хидматҳо дар назди Ватан» (2002, 2007, 2011), орденҳои хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Григорович Юрий Николаевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Ванслов В. В. Балеты Григоровича и проблемы хореографии. М., 19 71;
- Демидов А. Ю. Григорович. М., 1987;
- Ҳамон. Золотой век Юрия Григоровича. М., 2007.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 2 январ
- Зодагони соли 1927
- Зодагони Санкт-Петербург
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 1
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 3
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешаҳои шоистаи ҶШФСР
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи