Jump to content

Юрий Поносов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юрий Поносов
русӣ: Юрий Филимонович Поносов
декабри соли 1994 — марти соли 1996
Пешгузашта Ҷамолиддин Мансуров
Ҷонишин Маҳмадсаид Убайдуллоев
Ҷонишини вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон
соли 1993 — соли 1994
парчам
Вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон
соли 1990 — соли 1993

Таваллуд 24 март 1941(1941-03-24)
Даргузашт 20 апрел 2024(2024-04-20) (83 сол)
Дудмон мард
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»

Юрий Поносов (русӣ: Юрий Филимонович Поносов; 24 март 194120 апрел 2024, Маскав) — арбоби давлатӣ ва ҳизбии шӯравию ва Тоҷикистон. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон. Раиси шаҳри Душанбе (19941996).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Юрий Поносов соли 1961 Техникуми ҷангали Читаро аз рӯи ихтисоси «техник», соли 1974 Донишкадаи инженери нақлиёти роҳи оҳани Тошкандро ғоибона ва Мактаби олии ҳизбии Тошкандро дар соли 1982 хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти корияшро соли 1961 ба ҳайси коргари дастгоҳи Раёсати сохтмони «Саноатшаҳрвандсоз»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) оғоз кард. Хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1963–66). Сартехнолог (1966–72), ҷонишини директори Комбинати хонасозии ноҳияи Орҷоникидзеобод (1972–73), ҷонишини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Орҷоникидзеобод, котиби дуюми кумитаи ҲК шаҳри Орҷоникидзеобод (1975–80), мудири шуъбаи кори ташкилии ҳизб (1982–83), котиби якуми кумитаи ҲК шаҳри Кӯлоб (1983–85), котиби дуюми ҲК ВМКБ (1985–88), ҷонишини якуми раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе (1988–90), Вазири сохтмон, раиси ширкати холдингии давлатии «Тоҷиксоз» (1990–93), ҷонишини вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–94). Раиси шаҳри Душанбе (декабри 1994 – марти 1996).

Аз соли 2000 сардори Раёсати корҳои Кумитаи давлатии сохтмони Русия (Госстрой) мебошад.

Ҷоизаву медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Юрий Поносов 20 апрели соли 2024 дар Маскав бар асари сактаи дил дар роҳ ба беморхона дар мошини ёрии таъҷилӣ дар 83-солагӣ даргузашт[1][2].

  1. В Москве умер бывший вице-премьер Таджикистана Поносов(рус.). В Москве умер бывший вице-премьер Таджикистана Поносов. 29 апрели 2024 санҷида шуд.
  2. Рао/Ро. Даргузашти Юрий Поносов, собиқ раиси шаҳри Душанбе - расонаҳо(тоҷ.), Радиои Озодӣ (26 апрели 2024). Проверено 29 апрели 2024.
  • Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.