Раиси шаҳри Душанбе
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[1]. | |
Сайт | dushanbe.tj |
Раиси шаҳри Душанбе — намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳокимияти иҷроияро дар шаҳри Душанбе амалӣ сохта[2], аз рӯи усули яккасарварӣ фаъолият менамояд, вазифаи роҳбарии давлатиро дар қаламрави пойтахт анҷом медиҳад ва ҳамзамон ҳокимияти намояндагиро дар қаламрави шаҳр сарварӣ мекунад; бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва аз кор озод карда шуда, фармони мазкур дар иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ ба тасвиб мерасад.
Дар ҳоли ҳозир (аз 12 январи соли 2017) иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]То 6 ноябри 1994 мақомоти ҳокимияти давлатии пойтахт Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи он Кумитаи иҷроия (Комиҷроия)-и шаҳри Душанбе буд. Раисони Комиҷроия (Кумитаи инқилобӣ)-и шаҳри Душанбе:
- Мирзошариф Раҳимов (1925–1926)
- Ҷумъа Зиёев (1926–1928)
- Бобоназар Мирзоев (1928–1929)
- С. Вазиров (1929–1930)
- Ҷ. Яъқубов (1930–1931)
- Л. Ризоев (1931–1932)
- Бобо Ҳамдамов (1932–1933)
- А. Ёрмуҳаммадов (1933)
- Абдукарим Розиқов (1933–1937)
- Ҷ. Шанбезода (1937–1938)
- М. В. Калитин (1938–1940)
- Т. Е. Сараев (1940–1943)
- Ш. Юсуфов (1943–1947)
- Г. М. Яъқубов (1947–1950)
- К. Р. Иброҳимов (1950–1953)
- А. Асроров (1953–1956)
- Х. Х. Солеҳбоев (1956–1957)
- Н. З. Бобоҷонов (1957–1960)
- М. Нарзибеков (1960–1967)
- М. Наимов (1967–1969)
- Х. Мамадназаров (1969–1976)
- К. М. Назиров (1976–1982)
- Н. Шораҳмонов (1982–1986)
- М. М. Икромов (1986–1992)
Раисони шаҳри Душанбе аз соли 1991
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзотемур Мирзоев (1992—1993)
- Ҷамолиддин Мансуров (1993—1994)
- Юрий Поносов (1994—1996)
- Маҳмадсаид Убайдуллоев (1996—2017)
- Рустами Эмомалӣ (аз соли 2017)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе // PRESIDENT.TJ — Д., 12 январи 2016
- ↑ Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ». Д., 17 майи соли 2004, №28
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |