Jump to content

Ҷамолиддин Мансуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамолиддин Мансуров
 — 2001
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
соли 1994 — соли 2001
соли 1993 — декабри соли 1994
Пешгузашта Мирзотемур Мирзоев
Ҷонишин Юрий Поносов

Таваллуд 16 октябр 1951(1951-10-16) (73 сол)
Дудмон мард
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстӣ

Ҷамолиддин Мансуров (тав. 16 октябри 1951, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — арбоби давлатии тоҷик. Раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе (19931994). Ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (19942001), ҷонишини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамолиддин Мансуров соли 1951 дар деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор зода шудааст[1]. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон (1973).

Фаъолияти меҳнатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти меҳнатиро соли 1973 ба ҳайси иқтисодчии калони комиҷроияи ноҳияи Ҳисор оғоз карда, сипас сардори стансияи иттилооту ҳисоббарории ноҳияи Ҳисор буд. Хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1978–79). Нозири шуъбаи ташкилии кумитаи ҲК ноҳияи Ҳисор, директори совхози ниҳолпарварии «Дӯстӣ», мудири шуъбаи кишоварзӣ, нозири шуъбаи ташкилии кумитаи ҲК ноҳияи Ҳисор (1979–89), раиси Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор (1989–93). Раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе (1993–94). Ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–2001), ҷонишини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Вакили мардумӣ, узви Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Ҷамолиддин Мансуров аз соли 2005 бознишаста шуд[1].

Ҷоизаву медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Дӯстӣ» (1999) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Sputnik. Шаҳрдори пешини Душанбе муттаҳам ба қатли имом-хатиб мешавад(тоҷ.). sputnik-tj.com. 13 октябри 2017 санҷида шуд.
  • Душанбе. Энциклопедия. / Главный научный редактор Диноршоев М. Д.. — Д.: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2004. — 592 с. — ISBN 5-89870-071-4.