Jump to content

Юсуф Исҳоқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юсуф Исҳоқӣ
Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ
Таърихи таваллуд 21 июл 1932(1932-07-21)
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд
Таърихи даргузашт 6 май 1996(1996-05-06) (63 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ пизишкии гӯшу ҳалқу бинӣ[d]
Ҷойҳои кор ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илми тиб
Унвонҳои илмӣ профессор, академик
Алма-матер ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Маъруф ба
    • Юсуф Исҳоқӣ
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1979), Арбоби хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989), ордени Байрақи Сурхи меҳнат (1961Ғ, нишони “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон” (2012).
Нимпайкараи академик Юсуф Исҳоқӣ дар Хуҷанд

Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ (21 июл 1932, Хуҷанд6 май 1996, Душанбе) — пизишк, доктори илмҳои тиб (1968), узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии ИҶШС(1978), узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Русия (1991—1996), Арбоби хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1979).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Исхоқӣ Ю. Б.21 июли соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд, вилояти Ленинобод (вилояти Суғд) дар оилаи зиёиён таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 1947—1948, Исхоқӣ Ю. Б. дар курси тайёрии донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров (факултаи таърих) таҳсил карда буд. Соли 1948 ҳамчун донишҷӯ ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва соли 1954 бомуваффақият онро хатм намуда, то мартабаи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино расид. Ӯ дар солҳои 1954—1957 ҳамчун ординатори беморхонаи клиникӣ Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон кор кард. Соли 1958 рисолаи номзадиро, дар мавзӯъи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барон қать кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ» ҳимоя кард. Солҳои 1958—1960 ассистенти кафедраи оториноларингологияи Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон мебошад. Соли 1960 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Совети Вазирони СССР унвони дотсент дода шуд. Солҳои 1960—1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ № 4, дотсенти кафедраи оториноларингологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.

Табиби ҳозиқ Ю. Б. Исҳоқӣ соли 1962 ба Арабистони Саудӣ, Миср, Лубнон ҳамчун пизишк (духтур) ба ҳоҷиён сарварӣ кардааст. Барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964—1968 докторант, ходими калони илмӣ дар шаҳри Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гӯшу гулӯ ва бинӣ фаъолият бурдааст. Ӯ соли 1968 дар мавзӯъи «Кистаи роҳҳои болои нафас» — рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Вакил ва маърӯзачӣ дар анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Ереван иштирок намуда, аъзои Садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Ӯ солҳои 1968—1969 вазифаи дотсенти кафедраи оториноларингология, солҳои 1969—1973 вазифаи ноибректори оид ба қисми таълимии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бомуваффақият иҷро намудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмиву тадрисӣ соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ карда шуд ва бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонида шуд. Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОРи СССР ба конфронси байналмилалӣ ҳамчун вакил иштирок кард. Соли 1973 ӯ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъйин шуд. Дар асоси озмун ба вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияи ин донишкада интихоб шуда, солҳои 1987—1996 ин вазифаро ба уҳда дошт.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар фосилаи умри бобаракати хеш Ю. Б. Исҳоқӣ зиёда аз 300 асарҳои илмӣ, мақолаҳо, ихтироъҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеъи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём мерасанд. Нахустин академики илми тибби тоҷик, муаллифи бисъёр таълифоти илмӣ, аз он ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методӣ. Асарҳои шинохтаи илмӣ:

  • «Ядовитые животные» (1964)
  • «Яд змеи гюрзы» (1968)
  • «Кисты верхних дыхательных путей» (1973)
  • «Аллергия в оториноларингологии» (1980)
  • «Детская оториноларингология» (1977, 1984, 2003)
  • «Дыхательные пути и высокогорье» (1989)
  • «Очерки истории медицины Таджикистана» (1993)
  • «Руководство по оториноларингологии» (1994, 1997)
  • «Лекции по иммунологии и аллергологии» (1996)
  • «Лекции по ЛОР-болезням» (1996)
  • «История медицины Таджикистана» (1997)

Асарҳои Ю. Б. Исҳоқӣ дар тибби Тоҷикистон, СССР ва ҷаҳон аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад (якчанд асарҳояшон бо ҳаммуаллифи нашр гардидааст). Таҳти роҳбарии илмии ӯ 13 нафар тадқиқотчиён, аспирантҳо рисолаи номзадӣ ва 2 нафар кормандани калони илмӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ю. Б. Исҳоқӣ дар тӯли қариб 40 сол ба донишҷӯёни Донишкадаи (ва сонитар аз соли 1993 донишгоҳ) давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соҳаҳои мухталифи илми оториноларингология дарс додаст, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва лабароторияви-амалӣ гузаронидааст. Ҳаминро бояд қайд кунем, ки баробари ин дастовардҳои барҷастаи илмӣ симои Юсуф Исҳоқиро фаъолияти созмондиҳии эшон ба сифати сарвари яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурӣ — Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба таври шоиста муаррифӣ менамояд. Дар ин даври пурмазмун дар қатори зиёда аз 880 мактабҳои олии СССР Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойҳои аввал меистад. Ба ҳамагон маълум аст, ки номи Абӯалӣ ибни Сино барин ашхос ифтихори халқ, ифтихори мо, ифтихори мардуми ҷаҳон буда, насли имрӯзаро бо корҳои бузург ҳидоят мекунад. Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ аз олимони сермаҳсули соҳаи тиб буда, дар инкишофи тандурустии ҷумҳурӣ ва тарбияи насли нави духтурон саҳми беандоза калон гузоштааст. Масалан, китоби «Детская оториноларингология» (Душанбе, Маориф, 1977, 398 с.), якҷоя бо Л. И. Калштейн — мудири пештараи кафедраи оториноларингологияи ДДТТ — офаридаи Ю. Б. Исҳоқӣ барои табибон ва донишҷӯёни мактабҳои олии тиббии собиқ СССР ҳамчун дастури рӯи мизи солиёни дароз хидмат карда истодааст. Китоби «Руководство по оториноларингологии» (М.: Медицина, 1994 ва нашри дуюми он соли 1997), ки Ю. Б. Исхоқӣ бо ҳаммуалифии профессорони номдори СССР Солдатов И. Б., Дайняк Л. Б., Митин Ю. Б. ва дигарон навишта буд, барои духтурони соҳа аҳамияти энсиклопедӣ дорад. Ю. Б. Исхоқӣ дар байни табибон бо одамияти баланди худ, одоби табибӣ ва муносибати волои хеш ба беморон машҳур буданд. Ҳар як табиб орзу мекард, ки мисли Ю. Б. Исҳокӣ дар байни оммаи меҳнаткашон обрӯ ва мавқеъ дошта бошал. Тадқиқоти илмии Ю. Б. Исҳоқӣ ниҳоят фарох буда, ба масоили гуногуни соҳаи тиб бахшида шудааст: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ ҳини бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ; этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳҳои болои нафас; ихтилои қобилияти гузаронандагии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста ва ғайра. Дар омӯзишу пажӯҳиши Ю. Б. Исҳоқӣ хоса масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулӯ ва гурдаҳо дар кӯдакон, мутобиқшавӣ ба шароити баландкӯҳ, таъсири ҳипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гӯшу гулӯю бинӣ, омӯзиши бемориҳои аллергиявии узвҳои ЛОР кишвар, мансубияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ва ғайра ҷои муҳимро ишғол менамоянд. Ҷарроҳиҳои мураккабтаринро низ худашон мегузарониданд.

Вазифаҳои ҷамъиятӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1961—1964 ба сифати вакили халқии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, Исҳокӣ Ю. Б. тамоми муаммоҳои ноҳияи Октябрро ба хуби фаҳмида буд, аз ҷумла масъалаҳои барои сохтмони манзил, маишат, ҳифзи тандурустӣ, экология. Тавассути маҳорати ташкилотчигӣ, меҳнат, обрӯю эътибор, қобилияти исрори нуқтаи назари худ ӯ ҳатман дар ҳалли дурусти масъалаҳои мазкур воқеъан саҳмгузорӣ мекард. Солҳои 1973—1988 вакили халқӣ дар Шӯрои вакилони халқии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи доимии тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ буд. Аз соли 1974 узви Садорати Ҷамъияти алоқаи дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ. Узви шӯрои ректорони мактабҳои олии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустии СССР ва муҳаррири маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон», узви Коллегия ва Президиуми Шӯрои илмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ буд. Олими машҳури соҳаи тиб соли 1975 ҳамчун роҳбари намояндагони ЛОР-и СССР ба Булғория сафар кардааст ва бо медали тилоии Ҷамъияти дӯстии «Булғория-СССР» мукофотонида шудааст. Дар солҳои 1975—1986 Раиси шӯрои махсусгардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар назди Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Аз соли 1976 аъзои шӯрои илмӣ оид ба проблемаи «Оториноларинологияи» Академияи улуми СССР мебошад. Аъзо ва роҳбари редколлегияи сексияи тиббии энсиклопедияи советии Тоҷикистон буда, мақолаҳои бисъёри илмиро таҳрир карда, ба чоп тавсия намудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва хидматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо ордени Ленин сарфароз шудааст. Олими варзидаи соҳаи тиб соли 1977 ҳамчун вакили табибони ЛОР-и СССР дар Иёлотҳои Муттаҳидаи Амрико шаҳри Небраскаи иёлоти Кентуки дар конфронси илмии байналхалқӣ иштирок намудааст дар он ҷо ҷарроҳии намунавӣ гузаронидааст ва ба унвони шаҳрванди фахрии и. Небраска сазовор гардидааст. Дар як вақт аъзои шӯрои семинарҳои методологии назди Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии СССР» мукофотонида шудааст. Барои натиҷаҳои кори илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи илми тиб соли 1978 аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои тиббии СССР интихоб шудааст. Бо медали ВДНХ (Намоишгоҳи умумииттифоқии комёбиҳои хоҷагии ҳалқ) СССР сарфароз шудааст. Солҳои 1980—1987 аъзои Президиуми Комитети мукофотии давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника буданд. Солҳои 1981—1996 аъзои бюро ва раиси сексияи таълими тибби бахши тоҷикистонии Ҷамъияти таърихи фалсафа, табиат ва техника буд. Узви комиссияи проблемавии «Аллергология ва иммунологияи клиникии» Академияи фанҳои тиббии СССР ҳам буд. Соли 1982 раиси комитети ташкилии конфронси илмии оториноларингологони Тоҷикистон буда, онро ба дараҷаи баланди илмӣ гузаронид ва раиси Ҷамъияти илмии аллергологҳо ва иммунологҳои Тоҷикистон интихоб шуд. Вакили Анҷумани VIII умумииттифоқии оториноларингологҳои ИҶШС дар шаҳри Суздал буда, маърӯза карда буд, муҳарририи шуъбаи «Аллергия ва оториноларингология»-и Энсиклопедияи калони тиббиро иҷро мекард. Солҳои 1987—1989 ҳамчун узви комитети ташкилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Қонун дар бораи забони давлатӣ» корҳои бисъёри ташвиқотиро бурд ва дар қабули қонуни мазкур саҳми арзанда гузошта буд. Соли 1988 ҳамчун вакил дар Анҷумани умумииттифоқии оториноларингологҳо дар шаҳри Кишинёв иштирок намуда бо маърӯзаи илмӣ баромад кард. Дар ин солҳо вазифаи пурмасъулияти раиси Комиссияи доимии Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳои ИҶШС бахшида ба проблемаи «Патологияи узвҳои болоии нафас»-ро иҷро мекард ва дар як вақт раиси Комиссияи доимии проблемавии «Патологияи узвҳои болоии нафас»-и Академияи фанҳои тиббии СССР буд.

Соли 1961 бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат, соли 1973 бо медали «Дусадсолагии институти тиббии якуми шаҳри Маскав ба номи И. М. Сеченов» мукофотонида шуд. Соли 1979 дар соҳаи илм ва техника бо Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мукофотонида шудааст. Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон хидматҳои шоистаи олими номварро дар соҳаҳои таълим, тарбия ва илм ба инобат гирифта соли 1989 бо унвони давлатии Арбоби хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон мукофотонид. Нишони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» (2012)(пас аз марг)

6 майи соли 1996 Юсуф Исҳоқӣ ҳамроҳи ноибректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Минҳоҷ Ғуломов аз ҷониби қотилони ҷоҳил бераҳмона кушта шудааст. Фоҷеаи куштори табибон ва олимони забардаст мардуми кишварро андӯҳгин намуд.[1]