Яраш Пӯлодов
Яраш Эргашевич Пӯлодов | |
Таърихи таваллуд | 25 апрел 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кишоварзӣ |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, муассисаи давлатии «ТочикНИИГиМ»-и Вазорати мелиоратсия ва захираи оби Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон), ИҶШС |
Ҷоизаҳо | ордени «Шараф» |
Яраш Эргашевич Пӯлодов — доктори илми кишоварзӣ (1996),профессор (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Факултаи гидромелиоративии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон)ро (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) соли 1981 хатм карда, фаъолияташ дар Институти илмӣ-таҳқиқотии зироаткории Тоҷикистон гузаштааст, вазифаҳои ходими хурди илмӣ (1981-1988), ходими калони илмӣ (1988-1993), мудири шуъбаи обёрӣ ва коркарди хокро (1993-1999) иҷро намудааст. Солҳои 1999-2000 муовини директори генералии Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии Институти илмӣ-таҳқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон, 2000-2013 директори генералии муассисаи давлатии «ТочикНИИГиМ»-и Вазорати мелиоратсия ва захираи оби Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2013 мудири шуъбаи технологияҳои инноватсионии Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оид ба масоили мелиоратсия, обёрии замин, захираҳои обӣ, агротехника ва банақшагирии ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, технологияи обёрии зироат, модели математикӣ, пешгӯӣ ва банақшагирии зироаткорӣ, истифодаи оқилонаи об ва ғайра беш аз сад асару мақола таълиф намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вертикальные особенности биоклиматических условий возделывания сельскохозяйственных культур в Таджикистане. – Д., 1993;
- Функциональная модель и прогнозирование урожайности кукурузы. – Д., 1994 (соавтор);
- Режим орошения кукурузы в Таджикистане. – Д., 1995;
- Расчет режима орошения культур хлопкового комплекса для разного уровня урожая в Таджикистане. – Ташкент, 1997;
- Капельное орошение кукурузы и пшеницы в условиях Центрального Таджикистана. – Д., 1998;
- Аральский кризис и приоритетных проекты. Пути его разрешения. – Д., 1999.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени «Шараф» қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2016. – 728 с.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 25 апрел
- Зодагони соли 1959
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Докторони улуми кишоварзӣ
- Дорандагони ордени Шараф
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон