Амр ибни Лайс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Амр ибни Лайс
Амр ибни Лайс
Малики Сиистон
879 — 900
Пешгузашта: Яъқуб ибни Лайс
Ҷонишин: Тоҳир ибни Муҳаммад
 
Эътиқод: Ислом
Саннаи таваллуд: номаълум
Карнин, Сиистон
Марг: 902(0902)
Бағдод, Ироқ
Сулола: Саффориён
Фарзандон: писар: Муҳаммад

Амр ибни Лайси Саффорӣ (? – 20 апрели 902, Бағдод) – фармондеҳи сипоҳи Хуросон, дуюмин амир аз дудмони Саффорист.

Зиндагинома[вироиш]

Амр фарди фозил ва донишдӯсте буд ва ӯро бархе аз шуарои асри сомонӣ мадҳ ҳам кардаанд. Чунончи, Рӯдакӣ дар борааш гуфтааст:

Амр ибн ул-Лайс зинда гашт бад-ӯ боз,
Бо ҳашами хешу он замонаи эшон.

Амрро ҳамроҳ бо бародараш ҳомии нахустин шуарои форсигӯй гуфтаанд.

Ҳукмронӣ[вироиш]

Амр пас аз марги бародараш Яъқуби Лайс ҷонишини ӯ шуд. Вай барои қувват ёфтани давлати Саффориён, бар хилофи бародараш Яъқуби Лайс, саъй кард бо халифаи аббосӣ Мӯътамид иртиботи хубе дошта бошад. Ба ин манзур ба ӯ тобеъ шуд. Халифа аз ин иқдоми Амри Лайс хушҳол шуд ва ҳокимии Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристону Систон ва ҳатто Ироқи Аҷамро ба ӯ дод. Амр ӯҳдадор шуд, ки ҳар сол ба халифа 20 ҳазор дирҳам хироҷ супорад. Амр дар ин солҳо бо шӯришҳои дохилӣ мувоҷеҳ шуд. Дар ин давра амир Исмоили Сомонӣ — волии Бухоро Хоразмро ба тасарруфи худ даровард ва асоси воқеии давлати сомониёнро бино гузошт. Сипоҳи Амр аз Исмоили Сомонӣ шикаст хӯрд ва худ низ асир гардид (900—901). Аммо амир Исмоил бо ӯ ба нармӣ бархӯрд кард ва ӯро ба Самарқанд фиристод. Мӯътазиди аббосӣ аз ин огоҳ шуда тақозои ирсоли Амрро кард. Амр бо амри халифа муддате дар Бағдод зиндонӣ буд. Кишвари Хуросон ба ҳайати давлати Сомониён ҳамроҳ гардид[1]. Пас аз қатли Амр давлати Саффориён дигар он қудрати собиқро наёфт.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — С. 99.

Адабиёт[вироиш]

  • Бартольд В. В. Амр б. Лейс // Бартольд В. В. Сочинения. — М.: Наука, 1971. — Т. VII: Работы по исторической географии и истории Ирана. — С. 484.

Сарчашма[вироиш]