Jump to content

Яҳйё Исоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Яҳйё Исоев
Яҳйё Ғиёсович Исоев
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1927(1927-09-15)
Зодгоҳ Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2007(2007)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Яҳйё Ғиёсович Исоев (тав. 15.09.1927, шаҳри Конибодом – ваф. 2007, шаҳри Душанбе), адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1958), дотсент (1962), аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1970).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1937–1941 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Покторвский таҳсил кардааст ва ҳамзамон дар мактаби миёнаи шаҳри Конибодом дарс гуфтааст. Соли 1948 факултети таърих ва филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои1946–1950 муаллими мактаби шабонаи №10 шаҳри Сталинобод, 1948–1952 аспиранти кафедраи адабиёти донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1960–1968 вазифаи декани факултети таърих, педагогика ва методикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба уҳда дошт. Солҳои 1968–2007 ҳамчун муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1958–1971 дар асоси ҷамъиятӣ ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи «Педагоги ҷавон»-и донишкада фаъолият намудааст. Дар тарбияи ҳазорҳо мутахассисон саҳми калон гузоштааст. Муаллифи 40 асару мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар онҳо эҷодиёти Лоҳутӣ ва дигар мавзӯъҳои адабиётшиносиро баррасӣ намудааст. Қисми асосии корҳои ӯро барнома ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ташкил медиҳанд. Дар таҳия ва таълифи китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» ва «Адабиёти рус» барои синфҳои 4, 7 ва 8-и мактабҳои тоҷикӣ бевосита иштирок намудааст. Барои хидматҳояш бо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1977), медали «Барои хидмати шоён» ба муносибати 100 солагии В.И. Ленин ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз карда шудааст.

Христоматияи адабиёти синфи 8 (барои мактабҳои миёнаи русӣ), Д., 1958; Христоматияи адабиёт (барои синфҳои 4-7 мактабҳои тоҷикӣ), Д., 1962. Адабиёти советӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1962.