Яҳё ибни Абимансур
ар. يحيى بن أبي منصور الفارسي | |
Таърихи даргузашт | 830 |
Абуалӣ Яҳё ибни Абимансур (ар. يحيي بن أبي منصور, то қабули ислом Бизисти Фурӯзон; дарг. 830) — ахтаршинос ва аз аъзои Дорулҳикмаи Бағдод, тарҷумони эронӣ аз хонадони Бану Мунаҷҷим.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мунаҷҷими барҷастаи садаи IX Абуалӣ Яҳё ибни Абимансур дар ибтидо номи форсии «Бизист» дошта, аввал мунаҷҷими Фазл ибни Саҳл – вазири Маъмун буд, пас аз кушта шуданаш (817) мунаҷҷими махсуси Маъмун таъйин гардид ва исломро қабул карда, номи арабӣ гирифт. Дар сарчашмаҳо таҳти лақабҳои «Ҳосиб» ва «Абулфаворис» низ ёд мешавад. Яҳё муддате сарпарастии умури молии «Байту-л-ҳикма»-ро бар уҳда дошта, дар ҳамон ҷо ба омӯзгории Банӣ Мусо пардохт. Дар баъзе сарчашмаҳо вафоти ӯро миёни с-ҳои 832–34 овардаанд. Лекин Умар Ризои Каҳҳула дар «Муъҷаму-л-муаллифин» таърихи вафоти ӯро с. 845 қайд мекунад. Бино бар навиштаи Ибни Надим, Яҳё ҳангоми сафари Маъмун ба Тарсус дар Ҳалаб вафот карда, дар қабристони «Қурайшӣ» ба хок супорида шудааст.
Таҳқиқоти нуҷумии Яҳё
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоти нуҷумии Яҳёро ба чанд самт тақсим кардан мумкин аст. Аввал – таҳқиқо ти ӯ дар расадхонаҳои «Шамсия»-и Бағдод ва «Дайри Мурон» дар кӯҳҳои Қосиюни шим. ғарбии Димишқ. Дар расадхонаи «Дайри Мурон» Ҳабаш Ҳосиб ва дар «Шамсия» Яҳё сарпарасти таҳқиқот буданд ва натиҷаҳои илмии худро таҳлилу муқоиса мекарданд. Дар яке аз чунин таҳлилҳои илмии с-ҳои 827–28, вақте ки ситорашиносони «Шамсия» миқдори майли куллии Офтобро 23º 33′ 52″ муайян карда, муҳаққиқони «Дайри Мурон» 23º 35′ муқаррар намуданд, Маъмун натиҷаи кори «Шамсия»-виёнро рад кард. Берунӣ сабаби ихтилофоти натиҷаҳоро баландии гуногуни мавзеи расадхонаҳо, баъзе донишмандон хатоии афзору иштибоҳи мунаҷҷимон донистаанд.
Баъд Яҳё гурӯҳи мунаҷҷимонеро роҳбарӣ кардааст, ки ба муайянкунии тӯли 1°-и нисфуннаҳор (меридиани Замин) барои ёфтани андозаи кураи Замин машғул буданд. Мақсади Яҳё аниқ намудани дарозии меридиани Замин буд, ки ҳанӯз олими Юнони Қадим Эратосфен (276–194 то м.) ҳисобаш карда буд. Ин кор дар ду самт амалӣ мешуд. Гурӯҳи якум ба ҳисоби масофае, ки (дар рӯйи Замин чен карда мешуд) то баландии Ситораи Қутби афзоиш ёбад ё кам шавад, машғул буданд. Гурӯҳи дувум усули секунҷаҳои куравӣ (сферавӣ)-ро истифода бурда, ченкуниро аз баландии кӯҳе, ки дар канори дарё ё дашти ҳамвор қарор дошт, оғоз намуда, бо истифода аз устурлоб миқдори майли уфуқро ҳисоб карданд. Натиҷаи ин таҳқиқот аз таҳқиқоти муосир каме фарқ мекунад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Яҳё муҳимтарин натиҷаҳои нуҷумӣ, таҳқиқоти худ ва зердастонашро дар машҳуртарин асари «Зиҷи мумтаҳани Маъмунӣ» (мумтаҳан – номи зиҷҳое, ки дар асоси расадҳои мустақиле навишта шудаанд) гирд овардааст. Дар он Яҳё миқдори майли куллии Офтоб (эклиптика)-ро 23° 33′ 52″ ҳисоб кардааст, ки аз ҳисоби имрӯзааш 2′ камтар аст. Ӯ инчунин давомнокии соли офтобиро 365 рӯзу 5 соату 46 дақ. 21 с ҳисоб кардааст, ки аз ҳисоби муосири он 2 дақ. фарқ мекунад. Ин китоб бо номҳои «Зиҷи Шамсия» ва «Зиҷи муҷарраби Маъмунӣ» низ маълум буда, байни донишмандони пас аз ӯ шуҳрати калон дошт. Аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ», Ибни Юнус дар «Зиҷи кабири Ҳокимӣ» ва Собит ибни Қурра аз он истифода кардаанд. Яҳё китобҳое ба номи «Мақолатун фӣ амали иртифои судси соату-л-арзи мадинату-л-ислом» ва «Китоб-ур-руҷӯъ ва-л-ҳубут» низ доштааст, ки боқӣ намондаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Банӣ Мунаҷҷим / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Яхья ибн Аби Мансур // Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII—XVII вв.) / Отв. ред. А. П. Юшкевич. — М. : Наука, 1983. — Кн. 2. Математики и астрономы, время жизни которых известно. — С. 38. — 650 с. — 2 000 экз.