Ғазаб
Ғазаб (ар. غضب — хашм) — дар равоншиносӣ ва илми ахлоқ вокуниши равонии табииву эҳсосотӣ алайҳи ягон шахс, чиз, падида ва рафтори хилофи манфиатҳои шахс, нодурустии мавқеи ишғолкардаи касе нисбати ӯ ва наздикону пайвандонаш ва ё чизи барояш азизу муқаддас, ки ҳисси интиқом ва таъқибро бармеангезад.
Ғазаб ҳолати нохушнудӣ, оташинӣ ва барошуфтагии бархоста аз эҳсоси ғайриқаноатмандӣ аз ягон падида, изҳори муносибати ниҳоят манфӣ ба он буда, осораш дар чеҳра ва рафтору гуфтори шахс зоҳир мегардад. Ибни Сино («Хитоба») ғазабро ҳамчун азияти нафсонӣ аз раво дидани уқубат нисбат ба инсон, бинобар хурду андак пиндошта ва таҳқир шудани ӯ таъриф кардааст. Ба андешаи мутафаккир, аз ҷумлаи ангезаҳои ғазаб қатъи эҳсон, бозистодан аз подоши некӣ ба некӣ, носипосӣ аз неъмат, ба нохушӣ пазируфтан ё ночиз шумурдани он мебошанд. ғазабро пирӯзӣ, идроки интиқомгирӣ, фурӯ рехтани азоб ба сари онҳое, ки боиси ғазаб гаштаанд, фаҳмидани лағжиш ва гуноҳи худ, огоҳӣ аз эътиборе, ки ба хатои ӯ дода мешавад, дарёфтани сабаби мавриди таҳқир қарор гирифтанаш фурӯ менишонанд.
Бештар се ҳолати ғазаб ба назар мерасад:
- ифротӣ
- тафритӣ
- муътадил
Дар ҳолати ифроти ғазаб инсон ба сабаби идора карда натавонистани худ рафтори зишту нописанди берун аз доираи ақлу андеша анҷом медиҳад. Ифроту тафрит дар ғазаб нописанд ва эътидол дар он писандида дониста мешавад. Эътидол дар ғазаб ба ин маъно аст, ки инсон дар мавридҳои лозима аз ин неру оқилона истифода бурда тавонад ва дар мавридҳое, ки сазовору шоиста нест, аз уҳдаи идора кардани хашми худ барояд. Ин навъи ғазаб на танҳо разилона ба шумор намеравад, балки фазилат дониста шуда, ҳамчун шуҷоат арзёбӣ мегардад. Қувваи ғазаб ба инсон кумак мекунад, то ба дифои ҷони худ пардохта, худро аз ҳар гуна омиле, ки амнияти ӯро ба хатар меафканад, ҳифз намояд. Ба қавли Муҳаммади Ғаззолӣ («Кимиёи саодат»), «чун холӣ шудан аз хашм мумкин нест, фурӯ хӯрдани хашм муҳим аст» ва «бояд ки қуввати хашм на ба ифрот бувад ва на заиф, балки муътадил бувад». Мавҷудияти ғазаб худ далели он аст, ки тасаввурот дар бораи адлу инсоф ва шинохти некиву бадӣ барои афрод бегона нест. Дар сурати надоштани қувваи ғазаб одамӣ ба сурати фарде беэҳсосу беғайрат дармеояд, аммо ғазаби ифротӣ бояд назорат ва идора шавад, то фасоду нороҳатӣ ба бор наорад. Арасту («Ахлоқи Никомах») касеро, ки қобилияти ба хашм омадан надорад, ба аблаҳ баробар кардааст. Аз нигоҳи ӯ, бидуни ғазаб инсон худро ҳимоя карда натавониста, ноилоҷ бояд ҳам ба таҳқири хеш тоб оварад ва ҳам бигузорад, то наздиконашро таҳқир намоянд. Аз нигоҳи Декарт, ғазаб як намуди бадбинӣ ё нафрати мо аст нисбат ба касоне, ки ба мо бадие кардаанд ё зараре расониданианд. Чунин ҳиссиёт, бешубҳа, фоида дорад, зеро он ба мо «дар мубориза алайҳи беадолатӣ мардонагӣ мебахшад».
Дар таълимоти исломӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз рӯи таълимоти исломӣ, ғазаб аз неъматҳои илоҳӣ барои инсон буда, агар инсон аз ин неру ба хубӣ баҳра барад, он беҳтарин абзори дифоӣ ва як сифати камолӣ барои инсон аст. Фурӯ бурдани хашм аз сифатҳои некукорону парҳезгорон шумурда шудааст (Қуръон, 42:37; 68:48; 3:134). Муъминон ҳангоми ғазаб ихтиёри худро аз даст дода, ба аъмоли зишт даст намезананд, балки бо афву бахшиш қалби худро аз кинаҳо мешӯянд. Тибқи ҳадис, беҳтарини инсонҳо касоне ҳастанд, ки дер ба хашм оянду зуд хушнуд шаванд. Осори хашми илоҳӣ дар охират ба шакли оташи дӯзах намоён гашта, дар зиндагии дунявӣ мояи суқути одамӣ аз мақоми хеш мешавад, ба гунае ки аз сайри такомулӣ ва рушду тараққӣ бозмемонад. ғазаби илоҳӣ ҳар он чиро, ки инсон пеш аз ин сохтаву пардохта буд, аз байн бурда, чизе захираи охираташ намешавад; мояи хориву залилии инсон дар дунё гашта, иззату обрӯяш дар миёни мардум мерезад ва пасту фурӯмоя мешавад.
Дар барафрӯхтани оташи хашму ғазаб сифатҳои зишту накуҳидаи ахлоқӣ, аз қабили кинаву адоват, бухлу ҳасад, хиёнат, поймол кардани ҳуқуқи дигарон, шиканҷаву озор, бадбинӣ, бераҳмиву сангдилӣ, аммо дар фурӯ нишондани алангаи он сифатҳои писандидаву шоистаи ахлоқӣ, чун ҳилм, лутфу меҳрубонӣ, улфату муҳаббат, ҷавонмардиву саховат, раҳму шафқат ва амсоли ин нақши муассир доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Словарь по этике / Под редакцией И. Кона. М., 1981;
- Аристотель. Никомахова этика // Аристотель. Сочинения в 4 т. Т. 4. М., 1984;
- Декарт Р. Страсти души // Декарт Р. Избранные произведения. М., 1950;
- Этика. Энциклопедический словарь / Под редацией Р. Г. Апресяна и А. А. Гусейнова. М., 2001.
- ابن سینا. الخطابة // ابن سینا. الشفاء. المنطق. القاهرة، بدون سنة.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғазаб / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.