Jump to content

Ғайб ва Шаҳодат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғайб ва Шаҳодат (ар. غیب‎ – ноаён, диданашаванда ва شهادت‎ – намоён, ҳозир) — дар ҳастишиносии орифона олами офоқӣ, марҳалаи субути азалӣ ва мутлақи ғайри қобили шинохт ва ҷаҳони моддӣ.

Ғайбро маъмулан дар тасаввуф ба ду маъно истифода мебаранд. Ба маънои маҳдуд ҳолати ғайбулғуюби Ҳақ, ки баробар бо мартабаи «аҳадият»-и Ӯ аст. Дар ин мартаба танҳо як чиз – офаридгор дар ҳолати субути азалӣ вуҷуд дорад ва ҳеч чиз ғайр аз худаш (будаш) ба вай нисбат дода намешавад. Ба ибораи дигар, ҳанӯз амали таҷаллӣ содир нашудааст ва ҳамон воҷибулвуҷуди мутлақи машшоиён (Ибни Сино)-ро ба ёд меорад. Ғайби илоҳӣ шомили сирри «канзи махфӣ» мебошад. Вақте вуҷуди мутлақ аз ҳолати «канзи махфӣ», ки ҳамон ҳолати «ғайбулғуюб» аст, берун меояд ва феъли андешаи илоҳӣ сурат мегирад, тавассути файзи ақдас ва файзи муқаддас офаридгор аз ҳолати аҳадиятӣ (ғайбулғуюб) берун омада, ба ҳолати воҳидият мегузарад, ки баробар бо «анният» аст. Ба маънии васеъ Ғайб ва Шаҳодат тамоми олами муҷаррад ё худ олами офоқӣ дар муқобили олами моддӣ ё худ олами анфусӣ аст. Дар ин ҳолат дар таҷаллии баъдӣ зоти мутлақ исмҳои зотии «ҳастибахш»-ро аввал дар суратҳои илмӣ (феъли андешаи илоҳӣ) пайдо намуда, баъд ба онҳо таҳаққуқи ҳастӣ мебахшад.

Дар назарияи маърифати суфия солик дар сайри сулуки худ аввал бояд олами моддӣ ё худ олами шаҳодат (анфусӣ)-ро дарк ва чун ҳақиқати Ҳақ дар маҳдудаи замону макон намеғунҷад, солик барои дарки он аз олами шаҳодат ба олами фаромаконию фарозамонӣ ё худ олами ғайб по мениҳад ва ба низоми сармадии он дохил мешавад. Ҳамин тариқ ҳақиқати Ҳақ дарк карда мешавад.

Дар олами ғайб офаридгор ва дар олами шаҳодат инсон ҳар ду ҷомеъ ҳастанд. Ҳаиқати Ҳақ ҷамъи ҳамаи исмҳои зотист ва инсон низ дар зоти худ дар олитарин дараҷа кавни ҷомеъ аст. Тошихики Изотсу кавни ҷомеъ будани инсонро дар таълимоти Ибни Арабӣ дар ду сатҳ шарҳ медиҳад. Сатҳи аввал таквинист, ки ҳамаи маротиби вуҷуд дар суратҳои мухталиф ба унвони як навъи вуҷуд (вуҷуди башарӣ) дар инсон вонамуд мешаванд. Яъне, инсон (ҳамчун навъи башар) комилтарин ҳастӣ дар миёни ҳастиҳои ҷаҳон дар олами шаҳодат аст. Ӯ шомили ҳам аносир ва ҳам рӯҳи куллии ҷаҳони ҳастӣ мебошад. Аз ин рӯ, инсонҳо дар маротиби вуҷуд дараҷаи вуҷуди худро доранд ва танҳо баъзе аз эшон сазовори номи инсони комиланд. Дар сатҳи дуввум, баръакси сатҳи якум, инсон ба маънии як фард (на як навъ) арзёбӣ мешавад ваҳамаи инсонҳо яксон комил нестанд. Инсон дар сатҳи аввал ҳастии ҷомеъ ё худ «кавни ҷомеъ» ва дар сатҳи дуввум фарди ҷомеъ ё худ як фарди ҷомеаи башарист.

Саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна ҳақиқати Ҳақ ё худ ғайби мутлақ дар офариниши ҷаҳоне, ки афшураи инсон дар олами шаҳодат аст, худро мебинад? Ба ибораи дигар, «чӣ гуна канзи махфӣ дар офариданаш худашро мебинад ва мешиносад? Ҷаҳони моддӣ ё худ олами шаҳодат аз суратҳои гуногун иборат аст, ки аз ҳам фарқ мекунанд, вале онҳо бозтоби мустақими Ҳаққанд. Вуҷуди суратҳои гуногуни олами моддӣ шоҳиди нури инъикосшавада дар олами шаҳодат мебошад. Ҳамин тавр, таҷаллии олами ғайб ба олами шаҳодат рӯй медиҳад ва мавҷудоти олами моддӣ пардае аз «роз» (сирри ноаён)-и вуҷуди мутлақ мебошад, ки баробар ба «канзи махфӣ» аст. Ҳақиқати мутлақ, барои он ки худро бубинад, аввал ҷаҳонро ҳамчун мазҳари таҷаллии худ меофарад, ки дар таълимоти орифонаи Ибни Арабӣ ва дигар суфиён он оинаи сайқалнаёфта ва ғайришаффоф аст. Дар навбати дуввум офаридгор инсонро ҳамчун оинаи намои худ меофарад, вале ин инсон ҳанӯз оинаи сайқалёфта ва шаффоф нест ва аз ин рӯ, ҳақиқатро он тавре ки ҳаст, нишон намедиҳад. Инсон дар сайри истикмоли маънавии худ оинаи мазкурро ҷило хоҳад дод ва дар он оина Ҳақ бозтоби ҳамаи суратҳои мавриди таҷаллии Хешро хоҳад дид. Дар ин сурат ягонагии олами Ғайб ва Шаҳодат дарк хоҳад шуд.

  • استیس. عرفان و فلسفه. تهران، ١٣٧٥ ش.؛
  • ایزوتسو توشیهیکو. صوفیسم و تیؤیسم. تهران، ١٣٧٦ ش.؛
  • ابراهیمیان سید حسین. معرفت شناسی در عرفان. تهران، ١٣٧٨ ش.؛
  • کربین هنری. تاریخ فلسفۀ اسلامی. تهران، ١٣٨٠ ش.؛
  • همان. واقع نگاری رنگها و علم میزان. تهران، ١٣٨٩ ش.؛
  • نصر سید حسین. دین و نظام طبیعت. تهران، ١٣٨٤ ش.؛