Ғании Кашмирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ғании Кашмирӣ
محمدطاهر
Тахаллусҳо:

Ғанӣ

Номи пурра

порсӣ: ملا محمدطاهر غنی کشمیری

Санаи таваллуд:

1608(1608)

Зодгоҳ:

Кашмир

Санаи марг:

1688(1688)

Маҳалли марг:

Кашмир

Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

шоир

Жанр:

Ғазал

Забони осор:

порсӣ

Ғании Кашмирӣ (порсӣ: ملا محمدطاهر غنی کشمیری ) (таваллуд 1608 - марг 1688, зодгоҳ, Кашмир]]) — шоири тавонои форсу тоҷик дар садаи XVII.

Зиндагинома[вироиш]

Ғании Кашмирӣ аз суханварони тавонои садаи XVII дар Кашмир буда,бо вуҷуди он, ки дар замони суханвароне чун Соиби Табрезӣ ва Калими Кошонӣ зистааст дар ҷодаи сухан мақоми волоеро соҳиб гаштааст. Номи пурраи шоири ширингуфтор Мулло Муҳаммадтоҳир Ғании Кашмирӣ мебошад. Ғанӣ тахаллуси вай буда дар “Каламот-уш-шуаро” ба он ишора шудааст. Вай дар оғози шоирии хеш ин тахаллусро баргузидааст. Дар тазкираи “ Сарви озод “ ҳам чунин омадааст: “Ғанӣ ба ғанои табиӣ мабзул буд ва бо васфи бедастгоҳӣ ба ҳузури хотир ба сар мебурд. Аз ин ҷост, ки Ғанӣ тахаллус мекунад”(2, 10) Дар “Таърихи адабиёт дар Эрон”-и Забеҳулло Сафо гуфта шудааст, ки аслан тоифаи Ғании Кашмирӣ аз Хуросон аст ва онҳо ҳамроҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба Кашмир омаданд, ки қабилаи шоир аслан Ашноӣ будааст.Дар бобати лақаби “Мулло” ё “Мавлоно” дар тазкираи “Таърихи Аъзамӣ” (24-173), “Мавлоно” дар тазкираҳои “Маҷмаъ-ун-нафоис” (21-260-261), ”Сарви озод”(13-102), “Суҳуфи Иброҳим” (11-252), “Гули Раъно ”(12-861), “Натоиҷ-ул-афкор” (17-513), “Шамъи анҷуман” (22-339) ва дар “Таърихи адабиёти дар Эрон”-и Забеҳулло сафо ин унвон яъне “Мулло” пеш аз исми шоир оварда шудааст. Шоёни зикр аст, ки дар гузашта ин унвон ба исми шахсони барҷастаи ирфонӣ ҳамроҳ мешуд. Дар хусуси фазилати ирфонӣ ё мазҳабӣ доштани Ғании Кашмирӣ муҳаққиқон ишораҳо доранд. Ва беҳуда нест, ки Забеҳулло Сафо ҳам ба номи шоир ин унвонро ҳамроҳ кардааст. Падари шоир ҳам ба яке аз орифони машҳур Хоҷа Тоҳир Рафиқи Ашоӣ иродати зиёд доштааст ва фарзандашро ҳам бад-ин ном гузоштанаш аз ҳамин сабаб буд (24-171). Зодгоҳи шоир аз рўи тазкираҳо шаҳри Кашмир аст. Ва ба қабилаи Ашоии Кашмир мансуб буданашро низ зикр намудаанд. Ғании Кашмирӣ шогирди Мулло Мўҳсини Фонӣ будааст. Муҳсини Фонӣ яке аз орифони давраи Ғании Кашмирӣ будааст. Дар мавриди соли вафоти шоир дар “Таърихи адабиёт дар Эрон”- и Забеҳулло Сафо оварда шудааст, ки вай то соли 1079-1668, се сол пеш аз марги устоди худ Фонӣ даргузашт. Дар хусуси фавти Ғании Кашмирй дар дебочаи девони ў аз Муҳаммад Мусаллами Санъӣ оварда шудааст:

Аз фавти Ғанӣ гашта гаҳу маҳҒамгин,
Ҳар кас шуда дар мотами ў хокнишин.
Таърихи вафоташ ар бипурсанд, бигў
“Пинҳон шуда ганҷи ҳунаре зери замин.“

Таърихнависон дар бобати фавти шоир ихтилоф доранд. Дар Таърихнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон дар мавриди вафот ва дафни шоир чунин гуфта шудааст: "Вафоташ дар соли 1688 дар Кашмир иттифоқ афтод ва ҳамонҷо дар Мақбарат-уш-шуаро дафн гардид".

Мероси адабӣ[вироиш]

Осори адабии шоир бисёр пурмазмуну гаронқадр аст. Ғании Кашмирӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки дар адабиёти форсӣ ба шеър як нигоҳи тоза доштааст. Ў аз аввалин касонест, ки ба суннатҳои таърихи адабиёти тоҷик диди нав андохта, баъзе нигоҳи гузаштагонамонро ба шеър напазируфтааст.

Аз ман кунед нухсаи давонагӣ талаб,
К-аз дафтари ҷунун задам интихобҳо.

Мероси адабии Ғании Кашмирӣ, ки то замони мо омада расидаанд аз 2039 байт иборат мебошад. Сироҷиддиналихони Орзу менависад, ки Мирзо Соиб дусад байт аз девони ў интихоб зада дар сафинаи худ навишт ва то ҳол баёзи мазкур пеши баъзе ҳаст” Дар “Суҳуфи Иброҳим”-и Иброҳималихони Халил гуфта шудааст, ки Ғанӣ дар ҳолати истилои мараз тамоми ашъори худро ба гўши тааммул шунида, он чи лоиқ донист, нигоҳ дошт ва боқиро ба об андохт. Аз ин ҷост, ки Ғазалаш аксар як байт, ду байт ва баъзе бематлаъ воқеъ аст” Аз рўи қавли Муҳаммадафзали Сархуш девони Ғаниро Муҳаммадалии Моҳир ном шогирдаш тартиб додааст. Вале ҳеҷ нусхае аз он девон то имрўз ба даст наомадааст. Агар ривояти Сархуш саҳеҳ бошад, пас он нусха аз байн рафтааст. Нусхаи девони Ғаниро, ки борҳо ба табъ расидааст, соли 1079- 1668- 1669 яъне ҳамон соли вафоти ў шогирдони дигараш, ки дар боло зикрашон рафта буд, Муҳаммадмусаллам Санъӣ ва Лола Малик Шаҳид мураттаб сохтаанд. Қадимтарин нусхаҳои дастхати девони Ғанӣ, ки дар солҳои 1669, 1677 ва 1714 китобат шудаанд, дар китобхонаи «Мулк академӣ»-и Сарнигар нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин чанде аз нусхаҳои дастхати дар асри 18 китобатшудаи девонҳои Ғанӣ дар китобхонаҳои “Ҷамъияти Осиёии Бангола”-и Калкатта, “Бонгипур”, ва “Худобахш”-и Патнаи Ҳиндустон маҳфуз аст(2, 24). Дар захираи дастнависҳои Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон зери рақамҳои 1201, 1416, 803 (ф-1174) се нусха ва дар китобхонаи давлатии оммавии республикавии ба номи А. Фирдавсӣ таҳти рақами 211 як нусха девони дастхати Ғании Кашмирӣ мавҷуданд. Девони Ғанӣ дар солҳои 1845, 1855, 1862, 1869, 1876, 1878, 1891, 1898, ва 1931 нуҳ маротиба дар матбааҳои Лакҳнав ва Конпур]] чоп шудааст.

Намунаи осор[вироиш]

Ҷунуне ку, ки аз қайди хирад беун кашам поро,
Кунам занҷири пои хештан домони саҳроро.
Ба базми майпарастон мўҳтасиб хуш иззате дорад,
Ки чун ояд ба маҷлис шиша холӣ мекунад ҷоро.
Агар шуҳрат ҳавас дори асири доми узлат шав,
Ки дар парвоз дорад гушагирӣ ном анқоро.
Ба базми майпарастон саркашӣ бар тоқ неҳ, зоҳид,
Ки мерезанд мастон бемуҳобо хуни миноро.
Шикаст аз ҳар дару девор меборад магар гардун,
Ба ранги чеҳраи мо рехт ранги хонаи моро.
Надорад раҳ ба гардун рўҳ то бошад нафас дар тан,
Расоӣ нест дар парвоз мурҒи риштадарпоро.
Ғанӣ рўзи сиёҳи пири Канъонро тамошо кун,
Ки равшан кард нури дидааш чашми Зулайхоро.

Адабиёт[вироиш]

  • Ғании Кашмирӣ. Девон, таҳиякунанда ва муллифи муқаддима Аҳмади Карамӣ. - Теҳрон, 1362 ҳ.
  • Ғании Кашмирӣ. Мунтахабот, тартибдиҳанда ва муаллифи муқаддима ва тавзеҳот Абдуллоҷон Ғаффоров. - Душанбе, “Ирфон”, 1978.