Jump to content

Ғарҷистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғарҷистон
Кишвар

Ғарҷистон (форсӣ: غرجستان‎) — минтақаи таърихӣ дар болооби дарёи Мурғоб. Дар маъхазҳои арабизабон бо номи Ғаршис­тон низ ёд мешавад. Пеш аз истилои арабҳо ҳокимони Ғарҷистон ун­вони «барозбанда» ва «шор» доштанд ва аз ин сабаб мин­тақаро гоҳе «Ғарҷушшор» меномиданд. Ба қавли Ёқу­­ти Ҳамавӣ, баъзан минтақаро Ғаристон ном бурда, онро бо вилояти дигар — Ғуристон иштибоҳан як медонанд.

Ис­ти­ло­ҳи Ғарҷистон, эҳтимолан, аз вожаи бохтарии «ғар» ва ё «ғар­ча» муштақ шуда, маънои «кишвари кӯҳис­то­нӣ»-ро дошт. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Ғарҷистон бо номи «Ғарч­гон» зикр шудааст. Ба қавли ҷуғрофиёнависи асри­миёнагӣ Маҳ­муд ибни Валӣ, дар замони ҳукм­ро­нии шоҳони қа­дими Форс Ғарҷистон мақоми хос дошт, дар байни мулкҳои Аф­­росиёб аз рӯи шу­мори қалъаҳо ва истеҳ­комот дар ҷойи аввал меистод. Тиб­қи ривоятҳо шоҳи сосонӣ Фирӯз бо ёрии ҳо­кими Ғарҷистон дар ҷанги зидди бародараш Ҳурмуз ғалаба карда, ба тахт нишаст. Мувофиқи маълумоти маъ­хазҳои таъ­ри­хӣ шоҳи со­со­нӣ Фирӯз баъди он ки бо дастгирии Ҳай­то­лиён ба тахти шоҳаншоҳӣ нишаст, ш. Толи­қонро ҳамчун хидматона ба онҳо бахшид. Аз ин маъ­лумот бармеояд, ки дар асри 5 Ғарҷистон тобеи Ҳай­то­лиён буд. Тибқи маълумоти «Ах­бору-л-бул­дон», дар аҳ­ди Абдуллоҳ ибни Тоҳир ҳаҷ­ми хироҷи солонаи Ғарҷистон 100 ҳазор дирҳам ва як-ду ҳазор сар гӯсфанд буд (солҳои 1827-28). Дар аҳди давлатдории Сомониён ҳоки­мо­ни Ғарҷистон ба хонадони маҳал­лии Фариғу­ниёни Гузгон тобеъ буд, ки баъ­зан ба дарбори Бухоро инъом мефиристоданд. Пас аз тохтутози арабҳо дар Ғарҷистон сулолаи маҳаллии Шори­ҳо ба сари қудрат омад, дар 10 мас­ҷиди деҳоти Ғарҷистон бо но­ми онҳо хутба хонда мешуд. Аз замони хилофати Аббосиён (750—1250) дар Ғарҷистон зарбхона фаъолият дошт. Дар замони Сомониён он бо номи «Қарис­тон» ёд мешуд. Дар зарб­хонаи мазкур сик­каҳои сулолаи маҳаллии Шориҳо сикка зада мешуданд, ки ҳокими­ята­шон солҳои 1030—1031 аз та­рафи Маҳмуди Ғазнавӣ барҳам дода шуд. Дар асри 10 Ғарҷистон яке аз марказҳои паҳншавии ҳа­ра­кати қарматия маҳсуб мешуд.

Тавсифи ҷуғрофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба қавли Муқаддасӣ, дар Ғарҷистон 10 шаҳр вуҷуд дошт, ки ак­сарашон дорои масҷид буданд. Бузургтарин шаҳри Ғарҷистон дар асри 10 Абшин ё Башин буд, ки дар баъзе маъхазҳо бо но­ми Башир ё Пишин ёд шуда, қароргоҳи тобистонии сулолаи маҳаллии Шориҳо буд. Баъд аз сарнигуншавии сулолаи Шориҳо маркази Ғарҷистон аз ш. Абшин ба қасабаи Байвор ин­тиқол ёфт. Дар бораи шаҳрҳои дигари Ғарҷистон: Шурмин, Работи Корвон ва ноҳияҳои кӯҳии Тамрон, Тамазон, Рабушорон (Рившорон) ва Моншон дар маъхазҳои таърихӣ маълумоти зиёд оварда шудааст. Ёқути Ҳамавӣ аз шаҳр ё било­ди дигари Ғарҷистон бо номи Санҷа ёд кардааст, ки ба қавли Иб­ни Асир ин шаҳр тобеи вилояти Ғур буд. Дар давраи ҳу­ҷу­ми Чингизхон мардуми қалъаҳои Санг, Балворон, Лан­га­рӣ, Санохона, Ашиёр ва дигар билоди Ғарҷистон бар зидди му­ғул­ҳо муқобалати сахте нишон доданд. Дар ибтидои асри 16 Бобур аз шаҳри дигари Ғарҷистон бо номи Чахчинор ёд кардааст. Дар асрҳои миёна мардуми Ғарҷистон бештар бо дав­латҳои Мо­ва­роуннаҳр ва Хуросон робитаи сиёсию иқ­ти­содӣ дош­танд. Аз давраи ташкилёбии давлати Дур­ро­ни­ҳо дар Аф­ғо­нистон тохтутози хонҳо ва қабилаҳои паш­тун ба мин­та­қаи Ғарҷистон афзоиш ёфт. Баъд аз муайян шудани доираи нуфузи Британияи Кабир ва Руссия дар Осиёи Мар­казӣ, мин­та­қаи Ғарҷистон ба ҳайати Афғонистон дохил гардид. Дар осори ҷуғрофиёии асрҳои 16-17 иқлими Ғарҷистон муътадил ва тобис­тонаш каме гарм тавсиф шудааст. Ғарҷистон мин­та­қи кӯҳистонӣ буда, дар водиҳои поёноби д. Мурғоб маҳ­­сулоти зиёди ғал­ладона истеҳсол мешуд. Дар баъзе мин­тақаҳои Ғарҷистон шоли­ко­рӣ ривоҷ ёфта, биринҷаш ба Балх ва дигар ш-ҳои Хуросон содир мегардид. Дар қисматҳои дигари Ғарҷистон аҳолӣ ба чор­во­дорӣ машғул буданд. Ғарҷистон бо мавиз, чормағз, бодом ва ан­ҷираш шуҳрат дошт. Ба қавли Маҳмуд ибни Валӣ, дар асри 17 маҳсулоти асосии содиротии Ғарҷистон чормағз, гандум, ан­ҷири хушк ва либоси пашмин буд.

Сарватҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯҳҳои Ғарҷистон аз захираи тило ғанӣ буда, аз замони Султон Санҷари салҷуқӣ истихроҷи он ба роҳ монда шуда буд. Дар асри 10 конҳои зиёди тилои Ғарҷистон дар атрофи ш. Работи Кор­вон вуҷуд доштанд. Ҳоло минтақаи таърихии Ғарҷистон ба ҳай­ати вилоятҳои Ҳирот, Бодғис ва Ғури ҶИА дохил мешавад.