Ғилзой
Ғилзой, Ғилзуй (пашту: غلزی) — яке аз бузургтарин иттиҳодияи қабилавии паштуҳо (афғонҳо).
Маҳалли асосии сукунати қабилаҳои Ғилзой вилоятҳои ҷанубу шарқӣ — Зобул ва Ғазнӣ буда, як қисми бузурги онҳо дар минтақаҳои наздимарзии Покистон зиндагӣ мекунанд.
Гурӯҳбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғилзойҳо ба ду гурӯҳи калон: ғарбӣ ё туран (қабилаҳои харутӣ, тухӣ, ҳутакӣ, андарӣ ва ғайра) ва шарқӣ ё иброҳимхел буран (қабилаҳои сулаймонхел, алихел, андархел, насор, таракхел, аҳмадзуй ва ғайра) ҷудо мешаванд. Забонашон гӯиши шарқии пашту, пайрави мазҳаби ҳанафӣ.
Шумора
[вироиш | вироиши манбаъ]Шумораи умумии Ғилзой дар ибтидои асри 21 тақр. бештар аз 2 млн нафар буд. Қабилаҳои бузурги Ғилзой — хотакӣ (ҳутакӣ, 80 ҳазор нафар) дар минтақаҳои шимолу шарқии Қандаҳор ва ҷанубу шарқии Ғазнӣ сокинанд. Қабилаи тухӣ (150 ҳазор нафар) дар вилояти Зобул ва водии дарёҳои Парнак ва Андароб сукунат доранд. Андариҳо (130 ҳазор нафар) асосан сокинони минтақаи Шилгар мебошанд. Қабилаи аз ҳама калонтарини шарқӣ — сулаймонхел (бештар аз 350 ҳазор нафар) дар минтақаи байни Кобул ва Ҷалолобод сокинанд. Алихелиҳо (70 ҳазор нафар) дар наздикиҳои ш. Муқур, дар вилояти Ғазнӣ сукунат доранд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷдоди гузаштаи Ғилзой туркҳои халаҷӣ дар асрҳои 11-13 аз шимол ба ҷануб кӯчида, бо қабилаҳои дигари пашту омезиш ёфтаанд. Дар ибтидои асри 18 қабилаҳои Ғилзой дар ҳаёти сиёсӣ ва низомии минтақа нақши роҳбарикунанда доштанд. Қабилаҳои Ғилзой баъди ташкил ёфтани давлати Дуррониҳо ба ҳайати он дохил шуданд.
Шуғл ва шеваи зист
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуғли асосии Ғилзойҳо чорводории кӯчӣ, кишоварзӣ (қабилаҳои султонзуй, умархел ва Ғилзой) буда, дар марзи байни Афғонистон ва Покистон ба тиҷорат машғуланд. Дар байни аксарияти қабилаҳои Ғилзой то ҳол муносибатҳои қабилавии патриархалӣ вуҷуд доранд. Сарвари қабилаҳои Ғилзой «хон» ва сардори қавмашон «малик» мебошад.
Мавқеи сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғилзой яке аз рақибони асосии иттиҳодияи бузурги дигари қабилаҳои пашту — дуррониҳо ба шумор мераванд. Дуррониҳо баъди ташкили давлаташон (1747) барои ишғоли минтақаҳои ғарбӣ, шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистони муосир аз неруи низомии Ғилзой васеъ истифода бурданд. Аз замони ҳукмронии амир Абдурраҳмонхон (1880—1901) муҳоҷиркунии қабилаҳои Ғилзой ба вилоятҳои дигари кишвар оғоз шуда, то соли 1978 идома ёфт. Роҳбаронии давлати Афғонистон Нурмуҳаммад Таракӣ ва Ҳафизуллоҳ Амин (1978-79) аз байни қабилаҳои Ғилзой баромада буданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғилзой / Р. Абдуллоев // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.