Ғитриф ибни Ато
Ғитриф ибни Ато (ар. الغطريف بن عطاء) — волии Хуросон (792—793).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, Ғитриф зодаи Яман буда, баъди аз ғуломӣ озод шуданаш дар токзоре мардикорӣ мекард. Ғитриф тағои Ҳорунаррашид буда, дар аҳди хилофати ӯ волии Хуросон таъйин гардид. Дар аҳди ҳукмронии Ғитриф вазъияти сиёсии Хуросон ноором буд. Ба қавли Гардезӣ, дар аҳди ҳукумати Ғитриф Ҳусайн (ё Ҳузайн)-и Хориҷӣ дар Сиистон саркашӣ карда, баъди шикаст додани Усмон ибни Умар (амири Сиистон) Ҳиротро ишғол намуд. Ғитриф дар чунин вазъияти мураккаб бо дастури Ҳорунаррашид барои барқарор кардани амният дар Хуросон ба муборизаи зидди Ҳусайн равона гардид. Дар набарди асосӣ бо шӯришгарон лашкари дувоздаҳҳазораи Ғитриф бо сардории бародараш шикаст хӯрд. Шояд бад-ин сабаб бо дастури Ҳорунаррашид Ғитриф аз мансаби волии Хуросон сабукдӯш гардид (соли 793). Дар аҳди ҳукмронии Ғитриф дар Бухоро сиккаи наве ба муомилот бароварда шуд, ки бо номи ғитрифӣ маъмул гардид. Мувофиқи ривояти Муқаддасӣ Ғитриф, Муҳаммад ва Мусайяб се бародар буданд, ки ҳар кадом дар Бухоро бо номи худ дирҳам сикка заданд. Ин ривоят аз воқеияти таърихӣ дур буда, онҳо ҳар кадом дар алоҳидагӣ амиру волӣ буданд: Муҳаммад — амири маҳаллии Бухоро, Ғитриф ва Мусайяб (ҳукмронӣ 780-83) волии Хуросон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғитриф // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012.