Ғори Шахта
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Ғори Шахта – осори қадимии деворнигораҳои давраи мезолит, ки 40 км ҷанубу ғарбтари Мурғоб дар сойи Кӯртакка воқеъ аст.
Кашф ва таҳқиқи ёдгорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1958 аз ҷониби бостоншинос В. А. Ранов кашф ва тадқиқ гардид. Нигора дар девори ҷанубии ғори начандон калон (баландиаш аз с. б. 4100 м), дар баландии 1,6–2 м аз фарш бо ранги маъданӣ – охра тасвир ёфтааст.
Тавсифи бостоншиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тахмин меравад, ки дар замонҳои қадим қариб тамоми рӯи деворҳо (масоҳ. 25 м2) дорои нигораҳо буданд, вале то имрӯз танҳо чор деворнигора боқӣ мондааст. Ба ғайр аз нигораи якум, ки дар даромадгоҳи Ғори Шахта аст, нигораҳои дигар тарҳи муайян доранд. Дар нигораи якум (23 см) одам шабеҳи мурғ тасвир шудааст. Сару гардан ва баданаш мисли паранда, пойҳояш шабеҳи пои одамӣ аст ва умуман тасвир бештар шутурмурғро мемонад. Мувофиқи таҳқиқот дар нигораи дуввум ду гуроз рӯ ба рӯ ва тибқи тахминҳои дигар хуку хирс акс ёфтаанд. Даҳон ва дандони ҷоғи боло хуб намудор аст. Тасвири пойҳои ҳайвон рамзист. Дар даромадгоҳи Ғори Шахта ҳайвоне дар бархӯрд бо душоха тасвир ёфтааст. Тасвири сеюм (дарозиаш 85 см) ба хушгов шабоҳат дорад, вале мувофиқи ақидаи баъзе олимон он ба хирс монанд аст. Тасвири тирҳо диққатҷалбкунандаанд: ду тир ба бадани ғажгов (хушгов) расида, сеюмӣ ҷониби он равона шудааст. Шояд тасвири мазкур манзараи шикори одамони ҷамоаи ибтидоӣ бошад.
Аҳаммияти таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигораҳои Ғори Шахта аз рӯи услуб ва амал аз ҷумлаи қадимтарин намунаҳои ҳунари тасвирии ҷомеаи ибтидоии Осиёи Марказӣ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғори Шахта / В. Ранов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.