Ғулом Хоҷаев
Ғулом Хоҷаев | |
---|---|
Ғулом Ҳамидович Хоҷаев | |
Таърихи таваллуд: | 5 январ 1957 (64 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, ИҶШС |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Алма-матер: | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ғулом Ҳамидович Хоҷаев (тав. 5.01.1957, ноҳияи Ёвон), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1999).
Зиндагинома[вироиш]
Солҳои 1974–1979 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1979–1980, 1981–1988 муаллими фанни географияи мактаби миёнаи № 52 ш. Душанбе, 1980– 1981 афсари Артиши Шӯравӣ, 1988–1992 ҷонишини директори мактаби миёнаи № 53 ш. Душанбе оид ба таълим буд. Солҳои 1992–1995 ҳамчун муаллими кафедраи географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кардааст. Аз соли 1995 то ба имрӯз дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият дорад. Солҳои 2000–2007 вазифаи ҷонишини декани факултети иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи ДДТТ оид ба таълимро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2008 то ба имрӯз мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии донишгоҳи номбурда аст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ мебошад.
Осор[вироиш]
- Нақши хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ (Воситаи таълимӣ), Д., 1998;
- Иқтисодиёти ҷаҳон (Воситаи таълимӣ), Д., 2001.
Пайвандҳо[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи нопурра дар бораи олим мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. |
- Зодагони 5 январ
- Зодагони соли 1957
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ёвон
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои нопурра дар бораи олимон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон