Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғунда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғунда
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Latrodectus tredecimguttatus (Rossi, 1790)
Ареал
тасвир

Ғунда, рутайло (Lanthrodectes tredicimguttatus) — як навъ тортанаки заҳрнок. Рангаш сиёҳ буда, дар шикам холҳои сурхи давраш сафед дорад. Дарозии модинааш 10-20 мм, наринааш 4-7 мм.

Макони зист

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Аф­риқои Шимолӣ, Осиёи Ғарбӣ, Аврупои Ҷанубӣ, доманакӯҳу биёбон­ҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷи­кис­тон, паҳн гардидааст. Ғи­зои ғунда, асосан, ҳа­ша­рот мебошанд. Дар за­мин­ҳои бикр, канори ҷӯй, ҷар ва дигар мавзеъҳо дучор меояд. Беҳ­та­рин ҷойи зист барои ғунда маҳалли тобистонаш гарм ва ти­ра­моҳаш муътадил аст.

Афзоиш ва инкишоф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғундаи модина дар тарқиши замин, лонаи хояндаҳо, иншооти обпартою ҳаводиҳӣ ва дигар ҷой­ҳои монанд ба инҳо тори мустаҳкам танида тухм мегузорад. Тухмҳо зимистонро андаруни пила, ки ду ё ча­ҳортоӣ дар торҳо овехта мешаванд, паси сар менамоянд. Ғун­да­ба­чаҳо моҳи апрел мебароянд ва шамол онҳоро якҷо бо торҳояшон бардошта мебарад. Моҳи июн ғундаҳо болиғ мегарданд. Бо фа­ро расидани мавсими гармо ғундаҳои нарина ва модина барои муваққатан тор танидану ҷуфт шудан ҷойи му­вофиқ меҷӯянд. Вақте ки ғундаи нарина ғундаи модинаро бордор кард, ғундаи модина ҳамон лаҳза вайро дошта мехӯрад. Баъд аз ин ғундаи модина боз дар ҷу­стуҷӯи макони муносиб барои сохтани лонаи доимӣ ва тухм гузоштану пила танидан мешавад.

Таъсири заҳр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Заҳри ғунда нисбат ба заҳри ҷарангмор 15 баробар пуртаъсир аст. Ҷойи газидаи ғунда сурх шуда, дарди тоқатфарсо падид меояд, ки он баъд аз 15-30 дақиқа ба тамоми бадан — шикам, миён, қафаси сина ва пойҳо паҳн мегардад. Аз таъ­сири заҳри ғунда дар аксари ҳолатҳо дамкӯтоҳӣ, дилзанӣ, сар­чархӣ, сардард, ларза, дилбеҳузуриву қай, серарақӣ ва бе­ҳолӣ пайдо мешаванд; ранги рӯй меканад ё баръакс, рӯй сурх шуда, сандуқи сина ва зери шона тазйиқ меёбад. Пас аз 3-5 рӯз дар пӯст доначаҳо медаманд ва ҳоли бемор беҳ мегардад. Шахси ғундагазида, одатан, пас аз 2-3 ҳафта ши­фои комил ёбад ҳам, беш аз як моҳ худро бемадор ҳис ме­кунад. Дар сурати нарасонидани ёрии сари­вақтии тиб­бӣ ҳатто мумкин аст ӯ баъди 1-2 рӯзи газидани ғунда бимирад.

Муолиҷа аз таъсири заҳр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои муолиҷаи ғундагазида ба варид (сиёҳраг) ё зери пӯст 30-70 мл подзаҳр, 10 мл маҳлули 10-фоизаи сулфати магний тазриқ мекунанд. Аз доруҳои дил ва оромибахш (новокаин, промедол, серофантин ва ғ.) низ истифода мебаранд. Олими рус П. И. Мориковский бо гӯ­гирд­чӯб сӯ­зон­дани ҷойи ғундагазидаро тавсия додааст. Ин корро бояд на дертар аз 1-2 дақиқа пас аз газидани ғунда анҷом дод (заҳр зери таъсири гармӣ таҷзия мешавад).

Аз заҳри ғунда шутур, гов ва асп бештар зарар мебинанд. Би­нобар ин, дар ҷойҳое, ки ғунда мавҷуд аст, бештар гӯс­фан­дон­ро мечаронанд, зеро онҳо аз заҳри он камтар зиён ди­да, ло­на­ашро поймол мекунанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Рупперт Э. Э. ва диг. Зоология беспозвоночных. Т. 3. М., 2008.