Ғунчаи кабки дарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғунчаи кабки дарӣ — 1. Аз силсиласурудҳои наврӯзӣ, ҷашнӣ, ки дар замони Сосониён (222-651) эҷод шудааст. 2. Аз таснифоти тақвимии Борбади Марвазӣ, ки барои ҷашнҳои дарбории Хусрави Парвиз (591-628) сохта, мансуб ба шохаи саввуми «Хусравонӣ»-и ӯст. 3. Аз лаҳнҳои силсилаии сигонаи (26) Борбади Марвазист:

Чу кардӣ «Ғунчаи кабки дарӣ» тез,
Бибурдӣ ғунчаи кабки диловез.

(Низомӣ)

4. Гӯшаи мусиқӣ дар таркиби мақоми «Бузург» (шуъбаҳои «Наврӯзи Аҷам», «Наврӯзи Бузург», «Дувоздаҳмақом», ас.13-14). 5. Гӯшаи тавсифию тараннумӣ дар таркиби шуъбаҳои «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Аҷам» («Дувоздаҳмақом», ас.14-16). «Ғунчаи кабки дарӣ» дар анъанаи эҷодию иҷроии ас.13-16 ба сифати гӯша, шохаи тавсифии муҳим амал намуда, аммо дар манобеи баъдӣ (ас.17-19) чун аз таркиботи созию овозӣ хотирнишон нашудааст (шояд номаш тағйир ёфта).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳори Аҷам, Деҳлӣ, 1284; Фарҳанги Ананд Роҷ, Лакҳнав, 1892; Бурҳони қотеъ, Теҳрон, 1330-1335; Фарҳанги Рашидӣ, Теҳрон, 1963; Фарҳанги форсӣ, Теҳ-рон, 1963; Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1373; Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ.,2004; Раҷабзода А. Борбад ва замони ӯ, Душ., 2004.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 55 ISBN 978-99947-49-13-3