Jump to content

Ғӯлингоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғӯлингоб ё зардолуоб — як навъ нӯшидании миллии тоҷикӣ.

Ғӯлингро шуста, ба зарфе андохта, аз болояш оби ширгарм (ҳарорати 25−30°С) мерезанд. Сипас, сарпӯши зарфро пӯшида, дар ҷои салқин мемонанд. Баъди як шаборӯз ғӯлингҳо варам карда, дар об шира пайдо мешавад. Агар ғӯлинг беҳад ширин бошад, ба андозаи кам шудани оби ғӯлингоб ба он боз як ду маротиба оби ҷӯш ҳамроҳ мекунанд. Ба 1 кг ғӯлинг 2 — 4 л оби ҷӯшидаи хунук андохтан лозим аст.

Ғӯлингобро одатан дар фасли баҳор (дар баъзе маҳалҳо, фасли тирамоҳ) омода мекунанд. Ғӯлингобро одатан саҳаргоҳон, инчунин нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ менӯшанд.

Фоиданокии ғӯлингоб нисбат ба ғӯлинг бештар аст ва ба дил қувват мебахшад[1].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Муҳаммадакмал Соатов, Марзия Соатова. Хушкмева ва нафъи он. ovozitojik.uz. Овози тоҷик (28 марти 2021). 30 Январ 2023 санҷида шуд.
  • Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Д., 1967.