Овози тоҷик
Номи аслӣ |
тоҷикӣ: Рӯзномаи «Овози тоҷик» ӯзбекӣ: «Ovozi tojik» gazetasi |
---|---|
Навъ | рӯзнома |
|
|
Кишвар | Ӯзбекистон |
Асосгузорӣ | 25 августи соли 1924 |
Забон | тоҷикӣ |
Дафтари марказӣ | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | ovozitojik.uz |
«Овози тоҷик» — рӯзномаи тоҷикиест, ки бо қарори КМ ВКП дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфт. Шумораи аввалини он, бо унвони «Овози тоҷики камбағал» 25 августи соли 1924 интишор гардидаст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ибтидои солҳои 20-уми асри XX якчанд фарзандони бо нангу номус ва шарафманди тоҷик нагузоштанд, ки ин миллати қадимӣ аз марзи Осиёи Миёна бе насиб монад. Ин шахсиятҳо тавонистанд дар баробари пантуркистон ва дигар душманони миллати тоҷик, ки нобудии ин миллатро мехостанд, мисли сипар истодагарӣ карда барои дифо ҳатто ҷони худро дареғ надоштанд. Онҳо барои эҳёи миллати тоҷик ва забону нашрияҳои тоҷикзабон саъю кӯшиш ва хидмати шоистае кардаанд. Доир ба таърихи таъсиси рӯзномаи тоҷикзабони «Овози тоҷик» чунин амалҳои воқеи шаҳодат медиҳанд (иқтибосҳо аз нашрияҳо оварда шудаанд):
- Чинор Имомов қаҳрамон аст? / Ҳафтаномаи «Фараж», 5 майи 2016
Яке аз ин фарзандони фарзонаи миллат Чинор Имомов буд, ки дар он давраи пурталотум ҳамчун як тоҷик сар боло намуда, бо душманони миллат истодагарӣ кард. Нагузошт то миллати тоҷикро нест кунанд. Ӯ ва ёронаш тавонистанд барои бунёди матбуоти тоҷикӣ саҳми худро гузоранд ва барои ташкил кардани рӯзномаи «Овози тоҷик» асоос гузоштанд.
"Дар ин давра Чинор Имомов ҳамроҳи Шириншоҳ Шоҳтемур бисёр ҷаҳд мекарданд, то ки дар Туркистон мактабҳои тоҷикӣ ташкил ёбад ва ба забони тоҷикӣ китобҳои дарсию рӯзномаҳо нашр шаванд. Онҳо моҳи декарби соли 1923 ба унвони Кумитаи Марказии Ҳизби Комунистии Туркистон нома навишта талаб карданд, ки бо забони тоҷикӣ рӯзнома таъсис дода шавад. Дар нома аз ҷумла чунин навишта шуда буд: «Дар вақти ҳозира ба забонҳои ҳамаи халқҳои сернуфузи Туркистон рӯзномаҳо нашр мешавад… Фақат бо забони тоҷикӣ ягон чиз чоп намешавад, ҳол он ки тоҷикон қисмати басе назарраси аҳолии Туркистон, бахусус вилояти Самарқандро ташкил медиҳад…».— рӯзномаи “Зиндагӣ”, 8 ноябр соли 2007
. Ин ҳама сабаби таъсис ёфтани рӯзномаи «Овози тоҷик» гардид.[1] Номаҳои пайдарапаи ин шахсиятҳо боиси дар таҳлука мондани душманони миллати тоҷик гашт. Ҳар чӣ зудтар иғвоандозӣ дар байни миллат ва дар назди ҳизби болшевикӣ зиёд мешуд. Гарчанде номаҳои бештари онҳо бе ҷавоб монда бошанд ҳам, онҳо тавонистанд муҳри хомӯширо бар даҳони пантуркистон бизананд. Бигӯянд, ки миллати тоҷик вуҷуд дорад! Дошт! Ва хоҳад монд![2]
- Шириншоҳ Шоҳтемур: «Таъсиси рӯзнома бисёр зарур буд» / Ҷумҳурият
«Ш.Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон — „Овози тоҷик“, ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хеле хидмат кард»— А.В.Макашов ва В.А.Руднитский. Шириншо Шотемур. Душанбе:«Ирфон»,1964.
.
Дар ин замон — дар нимаи якуми солҳои 20-ум Шириншоҳ Шоҳтемур аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шуъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шуъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд. Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. ӯ Ҳасан Ирфонро масъули рӯзнома таъйин кард. Устод Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард. Роҳбарони вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.
Шириншоҳ Шоҳтемур якчанд фаъолони сиёсии тоҷикро ҷамъ оварда мегӯяд:
«Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунад. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».— «Ҷавонони Тоҷикистон», 6 апрели соли 1990
. Баъди 12 сол дар Пленуми чоруми КМ ВК (б) Тоҷикистон (14 феврали соли 1936) Шириншоҳ Шоҳтемур таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ёдовар шуда мегӯяд:
«Дар назди КМ Ҳизби Коммунистии Туркистон сексияи коммунистӣ буд, ки ман онро роҳбарӣ мекардам. Барои мо таъсиси рӯзномаи аввалин бисёр зурур буд, вале мо пул надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев шинос шудам ва ӯ, ки дар вазифаи раиси Комитети консесии (предоблконцесском) вилояти Фарғона буд, барои таъсиси газета 2000 рубл дод»— К.Искандаров.Славный сын таджикского народа., Д.,1999, с.16
.
Шириншоҳ Шоҳтемур бо таъсиси ин рӯзнома иктифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад. Азбаски ӯ медонист, ки эҳтимолияти ҳалли масоили марбут ба мақоми тоҷикони Осиёи Миёна дар ҶМШС Туркистон камтар ҳалли худро пайдо мекунанд, ин арзро ба КМ РКП(б) СССР ирсол дошт.[3]
Аз 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев рӯзномаи «Бедории тоҷик» интишор ёфт, ки он аслан шумораи навбатии «Иди тоҷик» буд.(бештар…)
Аз 8 октябри соли 1928 ин рӯзнома бо номи «Тоҷикистони сурх» чоп шуд.[4]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Имомназар Мирзозода (Келдиев). Чинор Имомов. — Душанбе,2009. — С. 7 — 8.
- ↑ Чинор Имомов қаҳрамон аст?. 15 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 май 2016.
- ↑ Шириншоҳ Шоҳтемур: «Таъсиси рӯзнома бисёр зарур буд»
- ↑ Усмонов И. К., Давронов Д. Таърихи журналистикаи тоҷик. — Душанбе, 2008. — С.138
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |