Қабристони Душанбе
Қабристони Душанбе - ёдгории археологии мансуб ба садаҳои 1-2 м., ки дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Душанбе воқеъ аст. Масоҳаташ бештар аз 20 га Соли 1951 бостоншиносон Н.Н.Забелина ва М.М.Дяконов дар қисми шарқии қабристон хуми майитдорро ёфтанд, ки дар рӯйи он бо ҳуруфи юнонӣ ба забони тахорӣ калимаҳо сабт гардидаанд. Соли 1956 дар рафти сохтмон қабрҳои мағокии аз хишти пухта бинюёфта низ ёфт шуданд. Минбаъд қабристонро бостоншиносони Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон таҳқиқ намуданд. Дар натиҷа ду хели дафнкунӣ – дар мағокҳо ва хумҳо маълум гардид. Аз қабрҳои мағокӣ ҳалқаи тило (диаметраш 1,7 см), порчаҳои зарфҳои бисёр, оинаи биринҷӣ ба даст омаданд. Аз қабристон хумҳои пури устухони одамӣ ёфт шуданд. Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар байни сокинони маҳал ду навъ маросими дафн вуҷуд доштааст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Литвинский Б.А., Седов А.В. Культы кушанской Бактрии. - М., 1984.
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 311