Қадрии Шерозӣ
Зоҳир
Таърихи даргузашт: | 1582 |
---|
Қадрии Шерозӣ (?, Шероз — 1582) — шоир ва донишманди форс-тоҷики ҳамзамони Урфии Шерозӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш нашъунамо ёфта, бо шоирони машҳури замонаш Урфии Шерозӣ, Қайдии Шерозӣ, Ғайратӣ ва дигарон ҳамсуҳбат шудааст. Соли 1580 барои тиҷорат ҳамроҳи Мавлоно Қайдии Шерозӣ ба Ҳиндустон рафта, дар қатори шорирони дарбори Акбар қарор гирифт ва муддате дар Дакан иқомат карда, ҳангоми баргаштан ба ватан дар дарё ғарқ шуд. Аз ғазалсароёни хуби замони худ ба шумор мерафт. Аз ғазалиёти ӯ танҳл чанде байти пароканда тавассути тазкираҳо дастрасанд. Абёти зерин аз ӯст:
Эй қадам нанҳода ҳаргиз аз дили тангам бурун,
Ҳайрате дорам, ки чун дар ҳар диле ҷо кардаӣ.
Чун тавонам аз ту дил бардоштан, эй ғам, ки ту
Тарки олам аз барои хотири мо кардаӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қадрии Шерозӣ / С. Имронов // Равзана — Ҷӯраев. — Д. : СИЭМТ, 2004. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 1988—2004, ҷ. 3). — ISBN 5-89870-5.