Қалъаи Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Қалъаи Душанбе - ёдгории археологӣ ва фотификатсионии мансуб ба асри XIX -ибтидои XX, ки дар тарафи рости нишебии кӯчаи Исмоили Сомонии ҳозира ш. Душанбе воқеъ буд. Қалъаро топографи рус Петров, ки соли 1884 ба Душанбе омада буд, тасвир кардааст. Он дар соҳили д. Душанбе аз гил сохта шуда, шакли чоркунҷаро дошт. Дарозии девори ҳар як тарафаш зиёда аз 100 м буд, баландии он то ба 5 м мерасид. Дар кунҷҳои девори қалъа бурҷҳо буданд. Қалъаи Душанберо аз се тараф биноҳо ва боғот иҳота мекарданд, тарафи чаҳорумаш бо д.Душанбе ҳамҳудуд буд. Қалъа фақат як дарвозаи мустаҳками кандакоришудае дошт. Қалъа аз се ҳавлии дарун ба дарун иборат буд. Қалъа аз с. 1907 қароргоҳи тобистонаи беки Ҳисор гардид. Баъди барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар он қисмҳои Армияи Сурх ҷой гирифтанд. Минбаъд қалъа тамоман хароб гардид. [1]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 315