Jump to content

Қалъаи Кӯлоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қалъаи Кӯлоб — ёдгории таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Кӯлоб.

Маҷмааи «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» дар майдони марказии шаҳр

Дар асари Ҳофизи Таниши Бухори «Шарафномаи шоҳӣ» оварда шудаанд. Ҳофизи Таниш зимни тавсифи ҷангҳои байни лашкари Абдуллохони ӯзбек ва кӯлобиён дар соли 992/1584 барои қалъаи Кӯлоб маълумоти муҳим меорад. Дар он тамоми унсурҳои шаҳри асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросон мавҷуд мебошад. Аз тавсиф чунин бармеояд, ки шаҳри Кӯлоби асри XVI мудаввар буда се дарвозаю як дарича доштааст. Дарвозаҳои шаҳр ба суи минтақаю шаҳрчаҳои асосии атрофи Кӯлоб нигаронида шуда буданд. Масалан: дарвозаи Чорсу дар девори шимолии шаҳр воқеъ буд, зеро худи шаҳраки Чорсу— шаҳраки Мӯминободи имрӯза маҳз дар шимоли шаҳри Кӯлоб ва дар масофаи 30 км дуртар аз он воқеъ буд. Инчунин мардуми ноҳияҳои Ховалингу Балҷувону Даҳанаи имруза низ аз ҳамин дарвоза дохили шаҳри Кӯлоб мегардидаанд.

Дарвозаҳои шаҳр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарвозаи Имом дар девори ғарбии шаҳри Кӯлоб воқеъ гашта, аз он мардуми Хатлон қарияҳои Дили ва Имом (Али), ки дар ғарби Кӯлоб воқеъанд, ба шаҳр ворид мегаштанд. Дар мақолаи фавқу зикри банда маҳз ҳамон деҳаи Имомали, ки тақрибан дар бист километри Кӯлоб дар ғарби он воқеъ аст, мадфани аввали ҳазрати имом Алии Сонӣ, яъне Сайид Алии Ҳамадони дониста шудааст.

Дар дарвозаи Анҷиракон мардуми деҳоту касабаҳои дар ҷануби Кӯлоб ҷой дошта ба шаҳри Кӯлоб ворид мешуданд. Дар байни онҳо касабаи Анҷиракон, ки тақрибан дар сӣ километрии ҷануби Кӯлоб наздик ба дарёи Панҷ гашта, имрӯз низ бо ҳамин ном вуҷуд дорад, аз ҳамаи деҳоти минтақа бузургтару ободтар буд. Аз ҳамин ру дарвозаи девори қисми ҷанубии Кӯлоб ҳамчун Дарвозаи Анҷиракон ёд мешавад.

Даричае, ки дар девори шарқии шаҳр воқеъ гашта ба кӯҳ (теппа) муттасил буд, муҳимияти дигар дошт. Яъне он на барои даромаду баромад, балки барои дар ҳолати изтиори истифода кардан аз он дарича- масалан дар вазъияти душвор ба воситаи он ба кӯҳ гурехтан ва ғайра, муқаррар шуда буд.

Ба даруни шаҳр об ба воситаи тарнова (новачуби, дарунхолие, ки об аз тариқи он чори мегардид) мерафт. Ҳофизи Таниш барои он чунин нигошта: «Ва бар тарнове, ки об аз онҷо ба даруни шаҳр мебурданд, пиёдаи бисёр тиру камонҳо ба банду тир ҳамоил сохта, хандагоҳи ситез бар миён хаста ва сипарҳои лаъли бар китф андохта, ҳуҷум дохтанд».

Ҳамин тавр, дар соли 1584 шаҳру қалъаи Кӯлоб билкул вайрон карда шуданд. Вале бо ин ҳаёт дар Кӯлоб на ин ки қатъ нагардид, балки ба зуди ривоҷи тамом ёфт. Абдуллохон Кӯлобро ба яке аз хешовандони худ Узбаксултон дода фармуд, ки баъд аз вайрон кардани қалъаи Кӯлоб "дар мавзеи Халвои хисоре, ки паноҳи раоёву ҳимояти бароёро созад, роияти иззат барафрозад".

Харобаҳои қалъаи Кӯлоби соли 1584 имрӯз дар шаҳри Кӯлоб болотар аз зиндони Кӯлоб мавҷуданд. Шаҳри нави Кӯлоби баъди соли 1584 дар ғарби бозори имрӯзаи Кӯлоб дар мавзеи Боғи пионерон ва маҳаллаи Чармгари поён, ки дар он замон шояд бо номи Халвои машҳур буд, арзи вуҷуд намудааст.[1]

Сомонаи расмии шаҳри Кӯлоб Бойгонӣ шудааст 4 октябри 2006  сол.