Даҳана (деҳа, н. Кӯлоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Деҳа
Даҳана
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Ҷамоат Деҳоти Даҳана
Координатаҳо 38°03′36″ а. шим. 69°51′51″ т. ш.HGЯO
Таъсис 1954
Деҳа аз 1938
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1419 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Номи қавмӣ даҳанагӣ, даҳанагиҳо
Коди телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140
Коди мошин TJ03
Даҳана дар харитаи
Даҳана
Даҳана

Даҳана — деҳа дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Даҳана то маркази ноҳия, шаҳри Кӯлоб 20 км роҳ. Аҳолиаш 1419 нафар (с. 2017), тоҷикон.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Деҳаи Даҳана дар соҳили наҳри Даҳана, 180 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад ва маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, дар вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шимол бо деҳаҳои Мирапоқ, Хӯҷаи Нур, дар ғарб бо деҳаҳои Дамариқ, Сарёзии боло, дар ҷануб бо деҳаи Ҷерқала, дар шарқ бо деҳаҳои Камар ва Пистамазор ҳамсоя мебошад.

Нақлиёт[вироиш]

Даҳана дар РҶ034 ҷойгир шудааст ва аз ин ҷо то фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 12 км, то маркази ноҳия, шаҳри Кӯлоб 20 км, то маркази вилоят, шаҳри Бохтар 174 км ва то пойтахт, шаҳри Душанбе 180 км роҳ мавҷуд аст.

Бахшбандӣ[вироиш]

Деҳаи Даҳана аз Даҳанаи боло ва Даҳанаи поён иборат буда, деҳаҳои Гулрез, Чинор, Даҳана ва Ёхсучиёнро дар бар мегирад. Сарвари деҳаи Даҳана, Раиси ҷамоати деҳоти Даҳана мебошад, ки ӯро Ҷамоат бо пешниҳоди Раиси шаҳри Кӯлоб, ба муҳлати 5 сол интихоб менамояд. Ҳоло сарварии Даҳанаро Раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана ва Раисони маҳаллаҳои Даҳана, Гулрез, Ёхсучиён ва Чинор ба ӯҳда доранд.

Номи мавзеъ[вироиш]

Даҳана — аз калимаҳои форсии "دهانه" ва тоҷикии "Даҳана" гирифта шуда, ин ҷо ба маънои "даҳанаи кӯҳ" омадааст. Вобаста ба мавқеъи ҷуғрофиаш, ки дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад, ба ин деҳа чунин номгузори кардаанд.

Иқлим[вироиш]

Иқлими деҳаи Даҳана хушкӣ буда, гармии миёнаи ҳаво дар фасли тобистон +27°С ва дар зимистон хунукии ҳаво −15°С мерасад. Бо сабаби дар даҳонаи кӯҳ ҷой доштан, ин ҷо шамол бештар мевазад. Дар зимистон наҳри Даҳана ях баста, то андозае ҳавзаи обаш кам мегардад ва дар тобистон хушк мешавад. Баъзан солҳо, бо сабаби боронҳои зиёд дар кӯҳсорон, маҷрои наҳри Даҳана сел мешавад.

Табиат[вироиш]

Дар кӯҳсори Даҳана гулҳои наврӯзи, лолаи даштӣ, сияҳгӯш ва як чанд навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Дар баландкӯҳҳо ҷайра, мор ва кабк мавҷуд аст, ки аз сабаби шикори зиёд шумораашон кам шудаанд. Дар ҳамвориҳо бештар пахта, ғалла, помидор, ҷуворимакка, ангур, хурмо, тут ва ҳама зироатҳо ва меваҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд ин ҷо кишт ва парвариш карда мешаванд. Заминҳо аз наҳри Даҳана ва дарёи Ёхсу обёри мешаванд. Даҳана бо таъмини маҳсулотҳои хӯроквории соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб, яке аз фаолон ба ҳисоб меравад.

Таърих[вироиш]

Деҳаи Даҳана ба минтақаи Кӯлоби бостонӣ дохил мешавад. Доир ба ҷуғрофия, таърих, маданияти халқҳои бумӣ, урфу одати онҳо ва мавзеъҳои таърихии ин сарзамин дар асарҳои бостоншиносон ва таърихнигорон Юсуфшо Ёқубов ва О. Нуриддинов дарҷ гардидааст. Сокинони деҳаи Даҳана аз кӯҳистони деҳа ашёҳои сафолиро пайдо карда будаанд, аммо барои омӯзиш ба бостоншиносон пешниҳод накардаанд. Ин ҷо ҳанӯз ҳам тадқиқотҳои аниқи бостоншиносӣ гузаронида нашудааст, бинобар ҳамин таърихи гузаштаи деҳаи Даҳана номаълум мондааст. Дар асри XIX, деҳаи Даҳана дашти қамишзор ва санглох буд. Бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ одамонро аз маҳаллаҳои Дашти Ҷум, Балҷувон ва Ховалинг ба Даҳана мекӯчонанд, хоҷагии ба номи Сафар Амиршоев ташкил ёфта, деҳаи Даҳана обод шуд.

Аз адабиётҳои таърихи:[вироиш]

«Дар бораи таъғиротҳо дар сохти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 04.01.1963 с. (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2). Бо мақсади боз ҳам такмил додани роҳбарӣ ба хоҷагии халқ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр ва қишлоқ, мувофиқи қарори Пленуми ноябрии соли 1962 КМ КПСС Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қарор мекунад: Аз ҳайати райони Восеъ, Совети қишлоқи Даҳана ба тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дохил карда шавад. Дар бораи даровардани баъзе тағирот ба тақсимоти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 06.01.1965, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2) Дар ҳайати РСС Тоҷикистон райони Кӯлоб ташкил карда шуда, ба ҳайати он Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад ва Совети қишлоқи Даҳана аз тобеияти райони Восеъ бароварда шавад. Дар бораи барҳам додани баъзе Советҳои қишлоқии вилояти Кӯлоб, РСС Тоҷикистон. Укази аз 28.07.1954 (Протоколи № 44, § 45) Совети қишлоқи Зиракӣ барҳам дода шавад ва территорияи он ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад.»[1]

Санаҳои таърихӣ[вироиш]

  • 28.07.1954 — Дар вилояти Кӯлоб, ҳудуди Совети қишлоқи Зиракӣ ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шуд.
  • 04.01.1963 — Совети қишлоқи Даҳанаи ноҳияи Восеъ, тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дохил карда шуд.
  • 06.01.1965 — Совети қишлоқи Даҳана, аз тобеияти ноҳияи Восеъ бароварда шуда ба тобеияти шаҳри Кӯлоб дода шуд.

Коргоҳҳо ва хизматрасониҳо[вироиш]

Зеристгоҳи барқӣ, китобхона, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, Идораи маъмурияти Ҷамоати деҳоти Даҳана, маркази саломатӣ, дорухона, хонаи фарҳанг, литсейи касбӣ — техникии саноати кишоварзӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16, 34, 44, боғчаи кӯдакон, филиалҳои Амонатбонк, Агроинвестбонк, бозори фурӯши молҳои ниёзи мардум, бозори фурӯши ҳайвонот, мағозаҳо, ошхонаҳо, осёбҳои обӣ ва барқӣ, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, коргоҳҳои хурди нонпазӣ, хиштбарорӣ, коркарди чӯб, кафшергарӣ, таъмири техникӣ, масҷиди ҷомеъ ва ғ.

Замони Шӯравӣ[вироиш]

Даҳана дар замони Шӯравӣ радиоузел, мағозаи китобфуруши, пункти пахта қабулкунӣ, бунгоҳи бемориҳои пӯст ва санатория дошт, ки ҳоло аз онҳо осоре намондааст.

Варзиш[вироиш]

Ин ҷо бештар волейбол ва гӯштини миллӣ маъмул аст. Футбол ва дигар навъҳои варзиш ҳам ҳаводорони зиёд доранд.

Ёдгориҳо[вироиш]

Ҳайкалҳои Қаҳрамони ИҶШС, Сафар Амиршоев ва ходими сиёсии Шӯравӣ В. И. Ленин дар саҳни идораи Ҷамоати деҳоти Даҳана қомат афрохтаанд.

Вазъи демографӣ[вироиш]

Мардуми деҳаи Даҳана ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ, шеваи ҷанубӣ сухан мегӯянд. Дар ин деҳа асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, намояндагони дигар халқиятҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо ва украинҳо низ умр ба сар мебаранд ки шуғли асосиашон кишоварзӣ, чорводорӣ ва савдогарӣ мебошад. Дар соли 2017 деҳаи Даҳана 1419 нафар аҳолӣ дошт ва зичии аҳолиаш ... кас дар 1 км² буд. Деҳаи Даҳана зодгоҳи овозхон Ҳусниддини Наҷмиддин, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Рустам Дулоев буда, ходими намоёни ҷамъиятӣ, ҳуқуқшинос Ҷиёнхон Ризоев то охири умр ин ҷо зиндагӣ карда буданд. Олими соҳаи фалсафа Султон Наврӯзов мактаби миёнаи №16 ҳамин деҳаро соли 1957 хатм намудааст. Мувофиқи баруйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 деҳаи Даҳана 1493 нафар аҳолӣ дошт. Дар соли 1987 бошад ин нишондод ба 851 нафар баробар буд.

Алоқаи мобилӣ[вироиш]

Дар ин деҳа ширкатҳои мобилии Tcell, Beeline ва МегаФон Тоҷикистон дастгоҳҳои мавҷпахшкунандаи худро доранд, ки мавҷашон фаоланд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

  • [2] Деҳаи Даҳана 
  • [3] Ҷамоати Даҳана
  • [4] Мактаби 34, деҳаи Даҳана