Қалъапарак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қалъапарак, калла-зехт

Бозигарон ба ду даста тақсим шуда, дар майдон аз сангҳо "қалъа"-е сохта, сардорҳо наздикии он меистоданд. Дастаҳо дуртар аз қалъа ҷой мегирифтанд. Бо фармони сардорҳо бозигарон ба қалъа ҳамла меоварданд. Задухўрди шўхиомез дар байни бачаҳо сурат мегирифт. Дар муҳориба танҳо бо пойҳо зарба задан мумкин буд. Бозӣ бо ғалабаи он дастае ба анҷом мерасид, ки қалъаро ба даст овардааст. Дар Бадахшон, Рашту Дарвоз нимфаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. Сталинабад, 1958. 2. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976; 3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.1, 2015.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 183