Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қаноатшо Лоиқзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаноатшо Лоиқзода
Лоиқзода Қаноатшо Холиқ
Таърихи таваллуд 1 феврали 1971(1971-02-01) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа (1992) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006)
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Қаноатшо Холиқ Лоиқзода — омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаноатшо Холиқ Лоиқзода 1 феврали соли 1971 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1992 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва ҳуқуқшинос

  • Солҳои 1988-1992-донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа;
  • Солҳои 1992-1994-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 43 -и ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 1994-1996-директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 1996-2000-раиси Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Ғарм;
  • Солҳои 2000-2005-директори омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2005-2007-ҳамоҳангсози Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2007-2010-муовини раиси ноҳияи Рашт;
  • Солҳои 2010-2012-сармутахассис, мудири бахши Раёсати хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ;
  • Солҳои 2012-2015-машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2015-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт;
  • Аз моҳи марти соли 2015- Раиси ноҳияи Рашт.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]