Jump to content

Қаюм Азизив

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаюм Азизив
Зодрӯз 5 январ 1924(1924-01-05)
Таърихи даргузашт 8 январ 2000(2000-01-08) (76 сол)
Мансубият  Тоҷикистон
Рутба генерал-майор
Ҷоизаҳо
Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон

Қаюм Азизивов (5 январи 1924, деҳаи Маҳрами ноҳияи Конибодом — 8 январи 2000, Душанбе) — генерал-майори адлия (1967), Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1972).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом (1941) ва факултети ҳуқуқшиносии УДТ (1961).

Солҳои 1941—1942 муаллими мактаб дар Конибодом, 1943—1944 котиби суди халқӣ, ёвари прокурори ноҳияҳои Данғара ва Шӯрообод, 1944—1947 муфаттиши прокуратураи ноҳияҳои Кӯлоб ва Муъминобод, 1948—1949 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Қизилмазор, 1949—1953 прокурори ноҳияи Колхозобод, 1953 — 61 прокурори шаҳри Кӯлоб, 1961—1969 прокурори ВМКБ, 1969—1973 прокурори шаҳри Душанбе, 1973—1979 прокурори ноҳияи Турсунзода буд.

Ҷоизау медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Барои меҳнати шоён», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.