Jump to content

Гундсолор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Генерал-майор)
Гундсолор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: گندسالار
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Лашкарсолор
Дараҷаи пойинтар Сарҳанг
Ҳамто

Гундсолор (форсӣ: گندسالار‎) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарҳанг ва пойинтар аз лашкарсолор дорад ва баробар бо дарёдор дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-майор[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарҳанг

Гундсолор
Дараҷаи болотар:
Лашкарсолор

Гундсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи гундро дорад, ки ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[2]; бригада[3][4].

«Гундсолор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст ва аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гунд) + исм (солор)] аст:

гунд (порсии миёна: gund < паҳлавӣ: gundлашкар; гурӯҳ, даста[5] < эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda-сипоҳ; гунд[6]) + солор (порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < порсии бостон: *sar(a)-dāra- < эронии бостон: *sara-dāra-)[6].

Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[7][8].

Истилоҳи «гунд» дар «Шоҳнома» дар таркиби вожаи «гундовар» омада, ки Фирдавсӣ онро ба маънои «сипаҳсолор» ба кор бурдааст[6]:

Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон[9].

Ин истилоҳ аз забонҳои эронии миёна (паҳлавӣ ва порсии миёна) дар забонҳои арманӣ («gund»), гурҷӣ («gund-i») низ вом гирифта шудааст[10]. Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар сипоҳи Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[11]. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنج‌هزاری‎) низ мегуфтанд[8].

Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони пашту: «غونډ»‎ [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад[12].

Гундсолор ҳамчун мақоми низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) номида мешудаву фармондеҳи бевара (порсии бостон: *baivara-) будааст[13]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[14], гунд (паҳлавӣ: gund) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[15].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[16]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[17].

Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд. Чунончи, ар. عسکر [аскар]‎ аз порсии миёна: laškar, ар. جند [ҷунд]‎ аз порсии миёна: gund ва ар. فیج [файҷ]‎ аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[18].

Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade < итолиёвӣ: brigataдаста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» (аз олмонӣ: General­major) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[19].

Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Нишона
Артиши Сурх

Артиши Шуравӣ

Артиши Тоҷикистон

гиребонӣ


сардӯшӣ
альт= альт=
...
(1940—1943)
...
(1940—1943)
...
(1940—1943)
...
(1941)
нишонаи остин
(мундир, кител ва
пираҳан, шинел)
(1940—1943)
сардӯшии
Нерӯи заминӣ
(1943—1955)

размӣ
(1943—1955)

ҷашнӣ
Нерӯи заминӣ
(1955—1991)

Нерӯи ҳавоӣ
(1955—1991)

Нерӯи заминӣ
(1993—)

Нерӯи ҳавоӣ
(1993—)
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 90. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 97; 347. — 655 с. — 3 500 экз.
  4. Коллектив авторов. Том 1, статья «Бригада» // Военная энциклопедия / Под ред. П. С. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 576—581. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
  5. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  6. 6.0 6.1 6.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3.
  7. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
  8. 8.0 8.1 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ.
  9. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. - с. 408
  10. Encyclopædia Iranica, Vol. X, Fasc. 5, pp. 486-490. GEORGIA v. LINGUISTIC CONTACTS WITH IRANIAN LANGUAGES
  11. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  12. Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. — Москва: Русский язык, 1989. — С. 508. — 768 с. — ISBN 5-200-00700-3.
  13. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
  14. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  15. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 5 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  16. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  17. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  18. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  19. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной