Jump to content

Қолун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қолун
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: имом, олим
Таърихи даргузашт: 835
Маҳалли даргузашт:
Самти фаъолият: қироат
Устодон: Nafi' al-Madani[d]
Вироиши Викидода

Қолун (ар. قالون‎), Абумӯсо Исо ибни Мино… аз-Зарқӣ (738, Мадина — 835, ҳамон ҷо) — қорӣ, наҳвӣ ва аз машҳуртарин шогирдону ровиёни қироати Нофеъ.

Барои фарогирии қироат ва маорифи Қуръон 20 сол дар мулозимат (хидмат)-и Нофеъ будааст. Баъди вафоти Нофеъ Қолун мактаби бузургеро дар таълиму нашри қироати вай ташкил дод. Толибилмон аз манотиқи гуногун барои омӯхтани қироати Қуръон назди Қолун меомаданд. Кисоӣ, Иброҳими Маданӣ, Аҳмади Мисрӣ, Аҳмади Ҳулвонӣ ва Абунашит Муҳаммад ибни Ҳорун аз шогирдони маъруфи Қолун мебошанд. Ибни Ҷазарӣ дар «ан-Нашр фӣ қироати-л-ъашр» тамоми шеваи қироати Қуръонро, ки шогирдони Қолун аз ӯ ривоят кардаанд, бо санадашон овардааст. Ба қавли Ибни Ҷазарӣ, танҳо Абунашит ва Ҳулвонӣ 83 тариқи қироатро аз Қолун шунида, ба дигарон талқин кардаанд. Қолун дорои равиши махсуси қироат буда, онро аз Нофеъ ривоят кардааст. Ӯ аз рӯи табақабандӣ дар дараҷаи 5-уми қориён қарор дорад. Қироати Қолун дар кишварҳои арабии Африқо шуҳрат дошта, ҳоло низ Қуръон бо ривояти Қолун таҳия ва чоп мешавад.


  • الزرکشي محمد ابن عبدالله. البرهان في علوم القران. بیروت، ١٣٩١ ق.؛
  • ﺍﻟﺴﻴﻮﻃﻲ ﺟﻼﻝ ﺍﻟﺪﻳﻦ. ﺍﻹﺗﻘﺎن في علوم القرآن. القاهرة، ١٣٩٤ ق.؛
  • القرآن الکریم وفق روایة قالون عن الامام نافع. الریاض، ۱۴۲۷ ق.؛
  • ابن الجزري محمد. غایة النهایة في طبقات القراء. بیروت، ۲۰۰۶؛
  • ابن الجزري محمد. النشر في قراءة العشر. بیروت، ۲۰۰۹؛
  • احمدیان عبد الله. قران شناسی. تهران، ١٣٩٠ ش