Қоракулча
Зоҳир
Қоракулча, қарақот
Як намуди хӯриши мева буда, онро дар фасли сармо истифода мебаранд. Қоракулчаро аз меваи олучаи сурх тайёр мекунанд. Олучаи пухта, расидаро аз донакҳо ҷудо карда, дар дег андохта, бо оташи паст меҷӯшонанд. Дар натиҷа оби олуча бухор мешавад ва дар дег ғафсияш мемонад, ки ӯро дар лаълича гирифта дар офтобрӯя то сахт шуданаш мемонанд. Баъди сахт шуданаш шикаста мехӯранд. Қоракулчаро аз меваи зардолу ҳам тайёр мекунанд. Дар Ноҳияи Шаҳритус ним фаъол аст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 161
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |