Қорӣ Саиди Ҳисорӣ
Қорӣ Саиди Ҳисорӣ | |
Таърихи таваллуд | 1911 |
Зодгоҳ | деҳаи Қаротоғ, ноҳияи Шаҳринав |
Таърихи даргузашт | 1987 |
Пеша(ҳо) | навозанда,сароянда |
Қорӣ Саиди Ҳисорӣ (с.тав.1911, деҳаи Қаротоғ, ноҳияи Шаҳринав, с.ваф. 1987, ҳамон ҷо), сароянда, навозанда, марвисаро. Ба шеъру мусиқӣ аз овони ҷавонӣ дар муҳити хонаводагӣ аз падараш омӯхта, бештар дар сознавозӣ (дутор), иҷрои қисм, шохаҳои созию овозии мусиқии устодона, мардумӣ ҳунарашро такмил медиҳад. Фаъолияти эҷодию иҷроии Қорӣ Саид дар дастаҳои ҳунарии сайёр, Филармонияи давлатии ҶШС Тоҷикистон (1940-1948), хонаҳои маданияти Ҳисор, Шаҳринав (1949-1967) сурат гирифта, дар рушди анъанаҳои иҷроии ҳавзаҳои ҳунарии Самарқанду водии Ҳисор саҳми босазо дорад. Қорӣ Саид аз шогирдон ва мубаллиғони сабки иҷроии Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936), Саидхон Тӯхтаи Ҳисорӣ (1890-1964) буда, дар рушди анъанаҳои иҷроии бадоҳасароӣ, марвисароӣ корҳои зиёди ҳунарӣ анҷом дода, шогирдони зиёде-ро тарбия намудааст. Дар иҷрои Қорӣ Саид намунаҳои гуногунмавзӯи бадеҳа, марвигӣ, шохаҳои созии «Шашмақом», оҳангҳои устодонаи «Курт», «Эшбой», «Дилхироҷ», «Муноҷот», «Тановар», «Сарахбори дилангезон», «Ташниз», «Мискин» ва ғ. бо сози дутор сабт шудаанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Тадж.искусство, М., 2002; Таджикская му-зыка, Душ., 2003; Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 111 ISBN 978-99947-49-13-3
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |