Қосимшо Искандаров
Қосимшо Искандаров | |
| |
Таърихи таваллуд | 27 август 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Филиали Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қурғонтеппа, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Қосимшо Искандаров (зод. 27 августи 1953, деҳаи Кеврон, ноҳияи Қалъаи Хумб) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2004), профессор (2020). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қосимшо Искандаров хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1979), муаллими Филиали Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қурғонтеппа (1979—1981), тарҷумон дар Афғонистон (1981—1985). Солҳои 1985—1988 дар аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба таҳсил ва тадқиқоти илмӣ идома дода, соли 1989 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Солҳои 1989—1993 корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1993—2000 ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири сектори Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои ҶТ, 2000—2008 мудири шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, 2008—2014 директори Маркази тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2014 котиби илмии АМИТ. Аз соли 2017 инҷониб ба сифати ҳамкор дар вазифаи профессори кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад. Дар конфронс ва симпозиумҳои илмӣ дар шаҳрҳои Москва, Киев, Остона, Алмаато, Боку, Бишкек, Деҳлӣ, Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот, Теҳрон, Машҳад, Дубай, Берлин, Урумчӣ, Сочӣ ва ғайра бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намудааст. Саҳми Қ. Искандаров дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ назаррас аст. Ӯ узви 2 Шурои диссертатсионии КОА назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси Шурои экспертии таърих ва бостоншиносии КОА назди Президенти Тоҷикистон буда, ҳамчунон аз соли 2006 то 2010 узви Шурои диссертатсионии Институти шарқшиносии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон низ будааст. Бо роҳбарии Қ. Искандаров 20 нафар унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Норвегия рисолаҳои диссертатсионӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷа илмӣ гардидаанд. Барои саҳми шоиста дар рушди илму маорифи Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афганистан сегодня. Справочник. Д., 1988. 234 с.;
- Молодежное движение в Афганистане (1945—1990 гг.). Д., 1992;
- Исследователь истории Хорасана. Д., 2001;
- Афганистан, талибан и организация террористических центров. Д., 2003;
- Политические партии и движения Афганистана во второй половине XX века (Монография). Д., 2004;
- Луч города солнца (научнопопулярная книга о прошлом и настоящем Балхе). Д., 2009;
- Афганистан в начале XXI в. (Монография) Д., 2010;
- Диалог государства и религии в Таджикистане (Монография). Д., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- Зодагони 27 август
- Зодагони соли 1953
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ