Jump to content

Қосим Осимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қосим Осимӣ
Қосим Усмонзода Осимӣ
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1921(1921-09-15)
Зодгоҳ Хуҷанд , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 24 март 2007(2007-03-24) (85 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон, «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999)

Қосим Усмонзода Осимӣ (тав. 15.09.1921, ш. Хуҷанд – ваф. 24.03.2007, ш. Душанбе), риёзидон, номзади илмҳои педагогӣ (1966), профессор (1993), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1941 факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм кардааст. Солҳои 1941–1942 дар мактабҳои миёнаи ш. Хуҷанд ва ноҳияи Исфара аз фанни физика ва математика дарс гуфтааст. Солҳои 1942–1945 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат карда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дошт. Солҳои 1945–1946 курсанти омӯзишгоҳи ҳарбию сиёсии Иваново-Вознисенский, 1946–1951 муаллим ва директори мактаби миёнаи №1 ноҳияи Нов буд. Солҳои 1951–2005 ҳамчун муаллим, муаллими калон, дотсент ва профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1957– 1959 вазифаи декани факултети физика-математика, 1974–1977 декани факултети математика, 1963–1968 ва 1977–1982 мудири кафедраи методикаи таълими математикаи донишкадаи омӯзгориро ба уҳда дошт. Солҳои 1968–1971 муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1971–1972 директори Институти тадқиқотии илмҳои педагогии Тоҷикистон буд. Муаллифи 10 асари илмӣ, мақолаву фишурдаҳои зиёди илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Аз ҷумла, асарҳои ӯ «Масъалаҳои математикӣ доири истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Баъзе проблемаҳои методикаи таълими математика дар мактабҳои тоҷикӣ», «Масъалаҳои арифметикӣ ва тарзҳои ҳал кардани онҳо», «Методикаи тартиб додани масъала дар протсеси таълими математика», «Назария ва амалияи ҳисоббарорӣ» арзиши зиёди илмиву таълимӣ доранд. Ӯ дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медалҳои «Барои шуҷоат», «Ҳимояи Қафқоз», «Озодкунии Белград», «Барои Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва барои хидматҳои шоёнаш дар соҳаи илму маориф бо унвонҳои фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон», «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», инчунин ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.