Jump to content

Қудратулло Абдураҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қудратулло Абдураҳимов
Абдураҳимов Қудратулло Саидович
Таърихи таваллуд 10 август 1958(1958-08-10) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бохтар
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Алма-матер Филиали Институти давлатии педагогии Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Қудратулло Абдураҳимов (Абдураҳимов Қудратулло Саидович; тав. 10 августи 1958, ноҳияи Бохтар) — омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ (2007).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи филиали Институти давлатии педагогии Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа (1985). Солҳои 1985 – 2000 муаллим, муаллими калон, мудири кафедраи педагогика ва психология, декани факултети педагогика, ноиби ректор оид ба таълиму тарбияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, 2000 – 05 вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ буд. Аз соли 2006 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа оид ба илм. Абдураҳимов ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи педагогика машғул аст. Хусусан тадқиқоти илмиаш перомуни афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷик сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст.

  • Ақидаҳои ахлоқӣ дар осори Шоҳи Ҳамадон. Қӯрғонтеппа, 1996;
  • Системаҳои маориф дар мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯбатараққиниҳода, Д., 1998;
  • Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин, Д., 1998;
  • Афкори педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Д., 2003;
  • Дар шоҳроҳи зиндагӣ, Д., 2004;
  • Таълимоти ахлоқии Носири Хусрав, Д., 2007;
  • Тавсияи методӣ оид ба таҷрибаи педагогӣ, Д., 2009;
  • Шоҳи Ҳамадон-ҳидоятгари саодати инсон, Д., 2009.