Тутфарангӣ
Тутфарангӣ | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Fragaria.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Fragaria × ananassa (Duchesne ex Weston) Duchesne ex Rozier (1785) | ||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||
|
Тутфарангӣ, қулфинай (лот. Fragaria_×_ananassa) — гиёҳест бисёрсола.
Тавсифоти ботаникӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш то 30 – 35 см қад мекашад. Баргаш мураккаб (себарга); дар нӯги ҳар навдааш муғҷа мебандад. Гулаш сафед, майда. Мевааш мисли шоҳтут, марминҷон, тамашк ва шаҳтути заминӣ буда, сурх баъзан гулобӣ мешавад. Қулфинайро барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Аз он мураббо ва нӯшоба тайёр мекунанд. Дар таркиби меваи қулфинай қанд, кислотаҳои органикӣ, клетчатка, моддаҳои пектинӣ, витаминҳои С, Е, В1, В2, В6, В15, каротин (провитамини А), микроэлементҳо мавҷуд аст.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тибби қадим қулфинай воситаи муҳими парҳезӣ, муқаввӣ ва давобахш маҳсуб мешуд. Табибони тибетӣ онро барои пешгирии пирӣ истифода мекарданд.
Табибони халқӣ меваи тару хушк, афшура, барг ва решаи қулфинайро ҳангоми бемориҳои гуногуни ҷигар (холесистит, зардпарвин, гепатити куҳна, дарди санги талхадон), роҳи меъдаю рӯдаҳо (гастрит ва энтероколити музмин, бавосир ва ғайра), узвҳои пешоб (қабзияти пешоб, дарди санги масона), инчунин дар мавриди табларза (чун давои арақовар), камхунӣ, тарбод, ниқрис ва ғайра истифода мебаранд. Бо афшураи қулфинай доғи кунҷитак ва гармичаро меравонанд. Баҳри рафъ намудани бӯйи нохуши даҳон бо афшураи мева ва барги қулфинай ғарғара мекунанд. Бо нақеъи барги қулфинай шукуфа ва ҷароҳати римнокро тарбандӣ менамоянд. Меваи қулфинайро барои табобати ниқрис, назлаи меъда, қабзият, ғалаёни хун, атеросклероз, афтодани кирмҳо ба кор мебаранд. Бо марҳами меваи қулфинай шукуфаро дармон мебахшанд. Ҷӯшоби меваи хушки он воситаи арақовар ва пешоброн, ҷӯшоби решааш воситаи хунбанд ва қабзиятовар аст.
Дар тибби илмӣ меваи қулфинай ба сифати ғизои парҳезӣ, иштиҳоовар, ҳозим ва хунофар, ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда, ҷигар, дилу рагҳо (миокард, бемории ишемияи дил, кардиоатеросклероз, ғалаёни хун), камхунӣ, ихтилоли мубодилаи намак ва ниқрис тавсия дода мешавад. Ашхосе, ки узвҳои пешобашон санг дорад, бояд аз ҷӯшоби мева ва барги қулфинай истифода кунанд. Рӯзе то 1 кг истеъмол намудани меваи қулфинай дарди санги гурда ва ниқрисро даво мебахшад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вехов В. н. (ва диг.), Культурные растения СССР, М.. 1978;
- Жизнь растений, т. 5 (2), М., 1981;
- НуралиевЮ., Лекарственные растения, Д., 1988.