Қурбоналӣ Абдураҳимзода
Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович | |
Таърихи таваллуд | 20 ноябр 1964 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 19 июн 2021 (56 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | китобшиносӣ, таърих |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Роҳбари илмӣ | Нуъмон Неъматов |
Ҷоизаҳо |
Медали «Хидмати Шоиста» Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аълочии маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон. |
Абдураҳимзода Қурбонали Бозор (Бӯризода Қурбоналӣ Бозор, то 2020 Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович[1]; 20 ноябри 1964, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон — 19 июни 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — китобшиноси тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2018), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2020).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбоналӣ Абдураҳимзода 20 ноябри соли 1964 дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуд, пас аз хатми соли аввали хониш ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват мегардад ва баъди адои он (1983—1985) як соли дигар дар факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсилро идома дода, сипас ба таври гузариш таҳсилро дар Донишкадаи даватии маданияти Маскав идома медиҳад ва дар соли 1988 бомуваффақият хатм менамояд.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбоналӣ Абдураҳимзода аз моҳи августи 1988 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе дар ҳайси муаллим фаъолияти касбиашро оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 1993 фаъолият бурдааст.
Солҳои 1993—1997 таҳсилро дар аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон идома додааст. Солҳои 1997—1999 ба ҳайси корманди хурди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 1999—2001 вазифаи сарбиблиограф, мудири шуъбаи Мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанберо ба уҳда доштааст.
Солҳои 2001—2002 дар вазифаи Сармуҳаррири шўъбаи илмию тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кор кардааст.
Солҳои 2002—2008 ба ҳайси Назоратчии саҳроӣ, тренер, роҳбари гурўҳи Ташкилоти байналмилалии гуманитарии «КАРЕ Интернейшнл» дар шаҳри Душанбе фаъолият мебарад.
Солҳои 2009—2015 ба ҳайси Директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад.
Солҳои 2015—2020 вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб — Хонаи Китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар уҳда доштааст.
Дар соли 2018 Раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеъи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт.
Дар соли 2019 вазифаи Ҳамраисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт.
Узви Шӯрои байнидавлатӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеъи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[2].
Аз 18 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда[3], то поёни умр дар ин вазифа кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор перомуни пайдоиши иттилооти библиографӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ, фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ, таърихи китобу китобхонаҳо, библиографияи тоҷик дар давраи Сомониён ва ба баъд, ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи китобдорӣ ва тарбияи кадрҳо, таърихи сарчашмашиносии форсӣ-тоҷикии библиографӣ ва ғайра пажӯҳиш мебарад. Ӯ муаллифи беш аз 300 мақола, 15 маҷмӯаи соҳавӣ ва 13 асари илмӣ мебошад.
Вале таваҷҷуҳи асосии тадқиқотии ӯро масоили библиографияи кишоварзии миллӣ ва таърихи библиографияи тоҷик маҳтуф доштааст. Солҳои охир бештар дар мавзӯи библиографияи давлатӣ ва таърихи библиографияи тоҷик таҳқиқотҳои назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла асарҳои «Заминаҳои пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» таҳти назари академик Нуъмон Неъматов, «Пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ», «Таърихи библиографияи кишоварзӣ», «Таърихи библиографияи тоҷик» ва ғайра ба қалами ӯ таалуқ доранд. Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор диққати ҷиддӣ ба масоили пайдоиши аломатҳои тасвири библиографӣ дар осори ниёгон, истифодаи иқтибос ва истинодҳо аз эҷодиёти олимону мутахассисон, хусусан дар рисолаҳои кишоварзӣ, феҳристҳои китобхона, нишондиҳандаҳои алоҳида ва инъикоси адабиёти кишоварзӣ дар адабиёти илмию адабӣ ва соҳавӣ маълумоти зиёд гирдоварӣ намуда, ба хулосае меояд, ки библиографияи кишоварзӣ дар сарҳади Тоҷикистони таърихӣ то пайдоиши назарияи он васеъ истифода шудааст.
Рисолаи дигари Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор «Таърихи кишоварзии Тоҷикистон дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ» (соли 2002) дар асоси маводи таърихии халқи тоҷик, дастхатҳои соҳавӣ ва асарҳои илмии олимони таърихшинос ва кишоварз офарида шуда, дар он таърихи соҳаи кишоварзӣ аз замони пайдоиш то кунун инъикос меёбад.
Дар рисолаи «Библиография дар аҳди Сомониён» (соли 1999) таърихи мухтасари мавҷудияти библиографияи тоҷик бо таҳлили сарчашмаҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, шарҳиҳолӣ, библиографии мансуби замон бо далелҳои мушаххас баррасӣ гардидааст, дар бораи қадамҳои аввалини табақабандии илм ва ҳамзамон шаклу намудҳои гуногуни мавҷудияти дастурҳои библиографии аҳди Сомониён хулоса ва пешниҳодҳои ҷолиб пешкаши хонанда гардидааст.
Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор ҳамчун китобшинос, таърихнигор ва фарҳангшинос перомуни ҳаёту фаъолияти як идда китобшиносони маъруфи ҷумҳурӣ очерку лавҳа ва мақолаҳо навиштааст, дар мавриди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон силсилаи мақолаҳо аз даст баровардааст. Ӯ дар солҳои охир зиёда аз 10 маҷмӯаҳои соҳавии «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китобҳои I—IX» (2010—2020), се маҷмӯаи «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон. Китобҳои I—III» (2018—2020), «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» (2018), инчунин рисолаҳои алоҳидаи «Библиографияи кишоварзии тоҷик» (2011, 160 с.), «Таърихи библиографияи кишоварзӣ» (2011, 176 с.), «История таджикской библиографии» (2014, 176 с.), «Таърихи библиографияи тоҷик» (2017, 260 с.), «Фаъолияти китобдорӣ дар пажӯҳишҳои илмӣ. Китоби II» (2020, 640 с.), «Научные исследования библиотечной деятельности. Книга III» (2020, 480 с.) ва ғайраро эҷод ва нашр намудааст.
Нишону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Хидмати Шоиста» (2016)
- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)
- Аълочии маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)
- Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018),
- Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2020).
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Возникновение и развитие сельскохозяйственной библиографии [Текст]/ Под ред. академика Н. Негматова. — Душанбе, 2000. — 104 с.
- История сельского хозяйства Таджикистана (на основе рукописного наследия) [Текст] / Под ред. академика Н. Негматова. — Душанбе, 2002. — 167 с.
- Библиография дар аҳди Сомониён [Матн]. — Душанбе, 1999. — 27 с.
- История возникновения и развития сельскохозяйственной библиографии [Текст]. — Душанбе, 2010. — 128 с.
- Библиографияи кишоварзии тоҷик [Матн]: Мавод барои омӯзиши фан. — Душанбе, 2011. — 160 с.
- Таърихи библиографияи кишоварзӣ [Матн]: Монография. — Душанбе, 2011. — 176 с.
- История таджикской библиографии [Текст]. — Душанбе: Ирфон, 2014. — 176 с.
- Таърихи библиографияи тоҷик [Текст]. — Душанбе: Ирфон, 2017. — 260 с.
- Фаъолияти китобдорӣ дар пажӯҳишҳои илмӣ. Китоби II. — Душанбе: Аржанг, 2020. — 640 с.
- Научные исследования библиотечной деятельности. Книга III. — Душанбе: Аржанг, 2020. — 480 с.
Беморӣ ва даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбоналӣ Абдураҳимзода 19 июни соли 2021 дар синни 57-солагӣ аз хуруҷи дигарбораи маризии «вируси куруно», ки 20 рӯзи охир дар беморхона бистарӣ буд, дар шаҳри Душанбе даргузашт[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абдураҳимзода Қурбонали Бозор. www.vfarhang.tj. 18 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2021.
- ↑ Абдураҳимзода Қурбонали Бозор. www.vfarhang.tj. 22 июни 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 июни 2021.
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Абдураҳимзода Қ. Б.. president.tj. 22 июни 2021 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. 20 рӯзи охир дар беморхона буд: Вазорат дар бораи даргузашти муовини вазир(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (19 июни 2021). 22 июни 2021 санҷида шуд.
- Зодагони 20 ноябр
- Зодагони соли 1964
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рӯдакӣ
- Даргузаштагони 19 июн
- Даргузаштагони соли 2021
- Номзадҳои улуми таърих
- Дорандагони нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон