Китобшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бахши китобшиносии Китобхонаи донишгоҳӣ дар Гратс

Китобшиносӣ (форсӣ: کتاب‌شناسی‎), библиогра́фия (аз юн.-қад. βιβλιογραφία — «навиштани китоб» ← βιβλίον — «китоб» + γράφω — «менависам») — соҳаи фаъолияти илмӣ ва амалӣ, илми шинохти китоб аз лиҳози шакли моддӣ ва сохтори матну ихтилофоти мавҷуд дар чопҳову таҳрирҳо ва нусхаҳои он.

Вазифаҳои асосӣ[вироиш]

Вазифаи асосии китобшиноси додани маълумот доир ба асарҳои чопӣ ва барои мақсади муайяни иҷтимоӣ тарғиб намудани онҳост. Илме, ки таърих ва назарияи китобшиноси, ташкили фаъолият ва усули китобшиносиро меомӯзад, библиографияшиносӣ ном дорад. Он усули мураттаб сохтан ва омӯхтани феҳрист, рӯйхат ва тавсифи асарҳои чопиро таҳия менамояд, мазмуни асарҳоро кушода, ба онҳо баҳо медиҳад ва ғ. Феҳрист ва рӯйхати мазкур низ китобшиноси ном дорад.

Таърих[вироиш]

Асосгузори китобшиноси олими юнонӣ Каллимах (тақр. солҳои 310—240 пеш аз м.) мебошад. Асари библиографии ӯ «Ҷадвалҳои кулли риштаҳои дар маърифат шуҳратдор ва осори онҳо» аз 120 ҷилд иборат аст. Китобшиносӣ аз ҷиҳати вазифа — ахборӣ, танқидӣ ва тавсиявӣ, аз ҷиҳати мазмун ва навъи асар — умумӣ, махсус, тарҷумаиҳолӣ, кишваршиносӣ, аз ҷиҳати замони нашри асарҳо — ҷорӣ ва тарҷеҳӣ, аз ҷиҳати ҷойи нашри асарҳо — давлатӣ, маҳаллӣ ё кишварӣ мешавад.

Китобшиносии тоинқилобии тоҷик[вироиш]

Гузаштагони мо баробари мероси бойи илмию адабӣ дастурҳои хеле муҳимми библиографӣ низ боқӣ гузоштаанд, ки дар китобхонаҳои Бухоро, Самарқанд, Марв ва ғ. маҳфузанд. Феҳристи китобхонаи Сомониён то давраи мо нарасида бошад ҳам, ба вуҷудияти воситаҳои муайяни китобшиносии замонаш шаҳодат медиҳад. Рӯйхати дар «Рисолаи саргузашт» овардаи асарҳои Ибни Сино то охири асри 19 аз номгӯи нисбатан мукаммали осори олим ба шумор меравад. Намунаи дастурҳои библиографии асарҳои дигар ҳам кам нестанд. Махсусан нишондиҳандаҳои библиографии «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим, библиографияи шарҳиҳолии «Феҳристи асарҳои Розӣ»-и Абурайҳони Берунӣ, «Рисолаи саргузашт»-и Ибни Сино, «Иршод-ул-ариб илал маърифат-ил-адиб»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Уюн-ул-анбо фӣ табақот-ил-аттибо»-и Ибни Абуусайбиа, «Китоб-ул-ансоб»-и Муҳаммад ибни Мансур Самъонии Марвазӣ, «Таттимату сивон-ул-ҳикма»-и Заҳириддин Абулҳасани Байҳақӣ (ҳамааш асри 12), «Таърих-ул-ҳукамо»-и Ибни Қифтӣ, «Вафоёт-ул-аъён ва анбаъ-уз-замон»-и Ибни Халикон, «Қомус-ул-аълом»-и Шарафуддини Сомӣ (ҳамааш асри 13), «Фасл-ул-китоб»-и Муҳаммади Порсо (асри 14), «Тароиқ-ул-ҳақоиқ»-и Маъсуми Шерозӣ, «Шаҷарот-уз-заҳаб»-и Абдулфаттоҳи Ҳанбалӣ, «Лисон-ул-мизон»-и Шаҳобуддини Асқалонӣ, «Нузҳат-ул-арвоҳ»-и Муҳаммади Шаҳрзурӣ, «Бӯгиёҳ»-и Ҷалолиддини Суютӣ (ҳамааш асри 16), «Номаи донишварон», «Ҷавоҳир-ул-музия»-и Муҳиддин ибни Абдулвафо, «Кашф-уз-зунун ан асоми-ил-кутуб ва-л-фунун»-и Ҳоҷӣ Халифа (а-ҳои 17-18), «Миръот-ул-кутуб»-и Муҳаммади Табрезӣ (1901) ва ғ. ба арабӣ эҷод шуда бошанд ҳам, дар рушди Б-и тоҷик нақши муҳим бозидаанд. Қисме аз онҳо дар феҳристи дастнависҳои форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Китобшиносии давраи шӯравии тоҷик[вироиш]

Тартиб додани китобшиноси ба маънои том баъди Инқилоби Октябр вусъат ёфт. Нахустин дастури библиографӣ феҳристи маъхазҳои асосӣ буд, ки устод С. Айнӣ дар охири «Намунаҳои адабиёти тоҷик» овардааст. Соли 1931 Нашриёти давлатии Тоҷикистон аввалин феҳристи худро иборат аз 425 номгӯй китоб ба забони тоҷикӣ ба табъ расонд. Соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ташкил ёфт (аз соли 1991 Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ), ки ба рушди китобшиносии тоҷик мусоидат намуд. Таъсиси Агентии давлатии Хонаи китоби Тоҷикистон (1936) дар Тоҷикистон ба китобшиносии давлатӣ асос гузошт. Дар солҳои 1950-70 Б-и тоҷик хеле рушд кард. Як қатор дастурҳои мукаммали китобшиносии умумӣ-«Каталоги китобҳои РСС Тоҷикистон, 1926-56» (1960), «Китобҳои Тоҷикистони советӣ, 1951-61» (1963), «Китобҳои Тоҷикистони советӣ, 1962-66» (1967) ва соҳавӣ: «Мирзо Турсунзода» (1953), «Мирсаид Миршакар» (1960), «Феҳристи асарҳои С. Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ то охири соли 1961» (1963), «Каталоги дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон» (ҷ-ҳои 1-3, 1960-68) ва ғ. таҳияву чоп шудаанд.

Китобшиносии давраи истиқлоли тоҷик[вироиш]

Дар даврони соҳибистиқлолии ҶТ китобшиносии тоҷик рушду такомул ёфт. Библиографони тоҷик самтҳои гуногуни китобшиносиро таҳқиқ намуда, асарҳои зиёди илмию назариявӣ офаридаанд. Пайдоиши рисолаю дастурҳои таълимии «Библиографияи адабии тоҷик», «Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ», «Абуалӣ Сино ва библиография тоҷик» (Р. Шарофзода), «Масъалаҳои мубрами библиографияи ҷомеъашиносӣ» (А. Раҳимов), «Библиографияи адабиёти кӯдакон ва наврасон» (ШАҲРИ Тошев), «Библиографияи миниатюраҳои форсӣ-тоҷикӣ: ҷанбаъҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва назариявӣ-услубӣ» (С. Муҳиддинов), «Таърихи библиографияи адабиёти кишоварзӣ», «Библиография дар аҳди Сомониён», «Пайдоиши ахбори библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» (Қ. Бӯриев) ва ғ. дар самти инкишофи китобшиносии миллӣ нақши муҳим бозидаанд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи илмии АИ ҶТ ба номи Индира Гандӣ, Китобхонаи такягоҳи илмии кишоварзии ДАТ ва диг. муассисаҳо дар пешбурди китобшиносии тоҷик ҳиссаи калон мегузоранд.

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Баъзе масъалаҳои китобшиносии тоҷик// Маҷм. мақолаҳо. Д., 1973;
  • Вопросы развития таджикской национальной библиографии (материалы республиканской научно-теоретической конференции). Д., 1973

Сарчашма[вироиш]