Қурбоналӣ Ёқубов
Қурбоналӣ Ёқубов | |
Таърихи таваллуд | 5 октябр 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мутриб, навозанда |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи халқии СССР (1983), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2010). |
Қурбоналӣ Ёқубов — мутриб, омӯзгори шинохтаи тоҷик. Ҳунарпешаи хизматнишондода ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2010)[1], Аълочии маорифи халқии СССР (1983).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбоналӣ Ёқубов хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов 1968), факултети санъати Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоз. ДДОД ба номи С. Айнӣ, 1973). Солҳои донишҷӯияш дар мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи М. Собирова (ҳоло ба номи М. Атоев) аз сози най ба шогирдон ҳунар меомӯхт. Аз соли 1973 дар ДДСТ ба номи М. Турсунзода аз сози най дарс мегӯяд. Дар як вақт бо ҳайати ансамбли эстрадии «Гулшан», ансамбли рақсии «Зебо» ҳамкорӣ намудааст.
Навоҳои иҷрокардаи ӯ дар хазинаи мусиқии радио ва телевизион (беш аз 40 савту наво) сабт гардидаанд. Ёқубов шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки онҳо дар театр, оркестр, ансамблҳо ва мактабу коллеҷҳои санъат кору фаъолият доранд. Найнавозони чирадаст Сайдалӣ Сангов, Нуралӣ Шерматов шогирдони ӯянд. Ёқубов дар озмуни I-уми ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ (1986) лауреат шуд. Ӯ ба як қатор мамлакатҳо: Австрия (1975), Сурия (1983), Тайланд (1986), Руминия (1987) ва ғ. сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Ёқубов бо ордени «Шараф» сарфароз гардидааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.146. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
- Зодагони 5 октябр
- Зодагони соли 1949
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Шараф
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Мутрибони тоҷик
- Мутрибони асри XX
- Мутрибони асри XXI
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Мусиқишиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон