Jump to content

Қурбон Собир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қурбони Собир
Таърихи таваллуд: 8 март 1961(1961-03-08) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ёвон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо

Қурбон Собир (Қурбон Нусрати Собир; 8 марти соли 1961, деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон) — ҳунарпешаи театру синамо, нависанда, профессор. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбон Собир 8 марти соли 1961 дар деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Дар соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст.

Қурбон Собир бо Гулчеҳраи Сафар баъд хатми донишкада издивоҷ кард. Онҳо аз замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст доштанд ва ҳосили ин муҳаббат издивоҷ ва рӯи қадам омадани чор фарзанд: Мунира, Фаридун, Соро ва Суруш буд. Солҳои аввал Гулчеҳра ҳам вориди саҳна буд ва нақшҳои дилнишин меофарид.

Пас аз хатми донишгоҳ дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст. Аз соли 1990 назди устодаш Фаррух Қосимов омада ҳунарпешаи Театри Аҳорун шуд. Баъдан дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ва Театри Лоҳутӣ кор кардааст.

Бозӣ дар театр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нақшҳои асосиро дар намоишномаҳои аз лиҳози мӯҳтаво, мундариҷа ва бандубаст комилан тоза — «Юсуфи гумгашта…», «Исфандиёр», «Даҷҷол», «Таърихи ишқ» ва ғайра иҷро намуда, номаш вирди забонҳо гардид. Ин намоишномаҳоро тамошогарон дар Эрон, Туркия ва бисёр давлатҳои Аврупо бо завқ диданд ва ҷоизаҳои зиёд ҳам гирифтаанд. Солҳои охир дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ як силсила нақшҳои хотирмон бозидааст[1].

Филмҳои «Орзуи иҷронашаванда», «Чашмаи хостаҳо», «Нерӯи ишқ», «Дуо вора», филми бисёрқисматаи телевизионии «Дар орзуи падар», «Дар чашми бод» (филми бисёрқисматаи истеҳсоли Эрон) ва ғайра аз балоғати истеъдодаш шаҳодат медиҳанд.

Муаллифи китобҳои «Фаррухнома» (2007), «Дардҳои паси парда», (2010) ва «Як ҷоми пур аз дард», (2011) мебошад.

  1. 1.0 1.1 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.