Jump to content

Қурбон Ҳакимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қурбон Ҳакимзода
парчам
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 январи 2023

Таваллуд 1 апрел 1966(1966-04-01) (58 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Ҳакимов Қурбон
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Таҳсилот
Ҷоизаҳо Ордени Шараф (соли 1999), медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (соли 2002) унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2018).

Қурбон Ҳакимзода (1 апрели 1966, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик, номзади илмҳои кишоварзӣ. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз с.2023).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбон Ҳакимзода 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1988—1993 — Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  • 1993—1995 — Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  • 1995—1996 — Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд;
  • 1996 (07-09) — Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
  • 1996—1999 — Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
  • 1999—2002 — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
  • 2002—2004 — Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  • 2004—2006 — Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
  • 2006 (02-12) — Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
  • 2006—2008 — Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд;
  • 2008—2010 — Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
  • 2010—2013 — Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
  • 2013—2018 — Муовини якуми раиси вилояти Хатлон;
  • 2018—2019 — Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2019—2023 — Раиси вилояти Хатлон;
  • 2020—2023 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI буд.[1]
  • аз 5 январи соли 2023 — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон[2]

Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ордени «Шараф» (соли 1999),
  • медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (соли 2002)
  • унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2018)

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]