Қуроқдӯзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

1. ПАРЧАДӮЗӢ(ҚУРОҚДӮЗӢ) - ин санъате мебошад, ки аз порахои матоъ нақш офарида, онро пайваст мекунанд. Дастархон, чодари арӯсӣ (чимилиқ), кӯрпаву кӯрпача, болиштпӯш, чойникпӯш ва ҳоказоро ҳамин тавр медӯзанд.

Санъати қуроқдӯзиро лиёфдӯзӣ, порчадӯзӣ низ меноманд. Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резгиҳои матоъ мебошад. Ин тарзи дӯхтани матоъ дар байни халқҳои мухталифи дунё ривоҷ ёфта буд. Дар замони муосир бошад, ин пешаро ба сатҳи волои ҳунарӣ расондаанд. Дар Осиёи Марказӣ қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошта, аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Қуроқ - лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳо дӯхта мешуд, ки бо номҳои «муракаъ» ё «ҳиркаъ» маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ ҳамин ҳиркаъҳоро бар тан мекарданд. Дар байни мардум чунин ақида роиҷ буд, ки ҷомаҳои қуроқ ё муракаъ аз балоҳои осмонӣ ва заминӣ инсонро нигаҳ медоранд. Дар расми мардуми тоҷик шаклҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуд аст:

  • дӯхти навъи варақӣ;
  • қуроқи чашмӣ;
  • қуроқи қуӣ;
  • қуроқи осиёбӣ;
  • қуроқи ба шакли омезиш.

Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорост. Дар байни тоҷикони водии Фарғона маснуоте, ки аз порчаҳои газвор ва матоъ дуруст мешуд, дар оин ва суннатҳои худ аз таваллуди одам то ба давоми умраш истифода мекарданд. Масалан, дар рӯзи ҳафтуми таваллуди кӯдак аз хонаводагиҳое, ки дар он пирони кордида маскан доштанд, порчаҳои хурди матоъ ҷамъоварӣ намуда ва бо нияти нек (ки дар оянда умри тӯлонӣ ва дорои фарзандон ва наберагони зиёд шавад) аз он порчаҳо пироҳани хурд дӯхта, ба тани кӯдак то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшонданд. Пеш онҳое, ки тифли дардманд доштанд, гаҳворапӯши гаҳвораро аз қуроқ медӯхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифлро аз дард наҷот диҳанд. Дар маросими тӯй бо орзуи (таманнои) зиндагии босаодат, дифоъ аз суқи чашм ва атои фарзандон, аз ду ҷониби чодар порчаҳои варақӣ (қатлама) дӯхта мешавад ва ба остонаи дар пойандози қуроқӣ ба шакли гирдача ва чаҳоркунҷа меандохтанд. Дар назди домоду арӯс дастархони қуроқӣ - суфраи порчагӣ бо таманнои фаровонии неъмат густурда мешавад. Омезиши порчаҳои гуногунранг - рамзи ба синни қӯшапирӣ расидани наварӯсон ва сулҳу оромӣ дар байни қудоҳоро нишон медиҳад. Дар маросими азодорӣ болишти қуроқӣ (қуроқболишт) дӯхта мешуд. Маснуоти қуроқ дар маҳри арӯсӣ низ дида мешуд. Ба он пойандоз, чодарӣ, болиштҳо ва кӯрпаҳои қуроқӣ дохил мешуд. Онҳоро бо нияти бардавомии сиҳатии кӯдакон ва паноҳдорӣ аз суқи чашм бо тарзҳои гуногун медӯхтанд. Ба маҳри арӯс як пойандози порчадӯзӣ, чодарии порчагӣ, як кӯрпаи болопӯш, 10-то болишт (тагсарӣ)-и қуроқӣ ё лӯлаболишт мегузоштанд. Тибқи суннат модари арӯс кӯрпачаи якандозе медӯхт, ки бо зиёда аз 100 порча ё лиёф оро дода мешуд. Дар як кунҷи кӯрпача тӯмор ва дар дигараш буҷулакҳои пойи гӯсфандро дӯхта мемонданд. Ин рамзи хушбахтии наварӯсон буд. Дар маросими тӯйи суннатӣ ду болишти қуроқӣ ва як кӯрпача, як хӯрҷин ва як гарданбанди асп дӯхта мешуд. Дар ҳар як маснуоти қуроқдӯзӣ на фақат ҷиҳати эстетикии он, балки хусусиятҳои хоси маҳаллӣ низ зоҳир мегардид. Дар қуроқдӯзӣ манзараҳои табиат, хусусиятҳои таҳҷоӣ, нақшҳои геометрӣ тасвир меёфтаанд. Бо василаи қуроқдӯзӣ - нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодиёти мардумӣ (истифода) тасвир шудаанд, зинда мегарданд. Бо воситаи рангҳои матоъ, мазмун ва ғояи ороиш ва нақшҳои тасвирӣ фосеҳ ва равшан зоҳир мегарданд. Дар замони муосир санъати қуроқдӯзӣ ба манзалати умумиҷаҳонӣ расида, хусуситҳои хосаи фарҳангии ҳамаи халқҳоро инъикос мекунад. Омӯзиши қуроқдӯзӣ - ба кашфи хоссагиҳои мактабҳои мардумии ҳунармандӣ, омӯхтани оину суннатҳо, шавқу завқи устодони кори дӯзандагӣ мусоидат мекунад.[1]

2. Қуроқдӯзӣ, порадӯзӣ, қурамадӯзӣ, таркдӯзӣ, гулбурӣ

Навъе аз усули гулдӯзии матоъ. Чеварҳо пораҳои хурди газворро қат карда, паҳлўи ҳам мегузоранд, сипас аз болояш пораи дарозтарро ниҳода, бо мошина ё дастӣ медўзанд. Ҳар як нақши қуроқ маънию рамзи махсус дорад. Гулдӯзии қуроқ барои ороиши кӯрпа, кӯрпача, болишт, дастурхон, ҷойнамоз, гаҳворапӯш, борҷогаҳ ва ғ. истифода мешавад. Ду намуди дӯхти қуроқ маълум аст: сехишта (турна) ва чорхишта. Дар саросари кишвар фаъол аст. [2]

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

1. Рузиев М. Декоративно-прикладное искусство таджиков. Д., 2003.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Қуроқдӯзӣ
  2. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 125