Jump to content

Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз ҲХДА)

 

Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА; форсӣ: حزب دموکراتیک خلق افغانستانпашту: د افغانستان د خلق دموکراټیک ګوند‎) — ҳизби марксистист, ки дар солҳои 1965-1992 дар Афғонистон вуҷуд дошт, дар соли 1992 ахири мавҷудияташ Ҳиби "Ватан" ( форсӣ: وطن‎ «Ватан») ном дошт.

Он 1 январи соли 1965 аз ҷониби рӯзноманигор Нур Муҳаммад Таракӣ таъсис ёфтааст. Соли 1967 ҳизб ба фраксияҳои радикалии «Халқ» ( форсӣ: خلق‎ "Халқ") ва мӯътадилтар "Парчам" ( форсӣ: پرچم‎ «Парчам»), ки ба он Бабрак Кормал сардорӣ мекард, ҷудо шуд.

Соли 1978 афсарон ва аъзоёни ҲХДА Инқилоби Саврро ба амал оварда, ҳизбро ба сари қудрат оварданд. Дар он вақт ҳизб 18 хазор нафар аъзо дошт. Хатоҳо дар роҳи ба амал баровардани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ боиси норозигии оммаи кишвар ва афзоиши мукобилати мусаллаҳона гардид. Муборизаи фраксионӣ дар ҳизб тезу тунд шуд, ки дар натиҷаи он 1 июли соли 1978 пешвои парчамииён Бабрак Кормал аз вазифааш дур карда шуда, сафири Чехоловакия таъин карда шуд. Илова бар ин, дар натиҷаи фитнаҳои дохилии ҳизбӣ дар моҳи сентябри соли 1979 Таракӣ аз қудрат барканор шуд ва дере нагузашта бо фармони раҳбари нави ҳизб Ҳафизулло Амин кушта шуд. Вазъи ноустувори сиёсӣ нерӯҳои шӯравиро ҷалб кард, ки ба ҷанги Афғонистон дар солҳои 1979-1989 оварда расонд. Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои вижаи шӯравӣ ки , 27 декабри соли 1979 анҷом дода буд, Амин кушта шуд ва Кормали тарафдори Маскав дар ҳизб ба сари қудрат омад.

Дар зери таъсири «бозсозӣ» дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳизб як катор нуқтаҳои асосии идеолужиро тарк карда, бо мухолифини мусаллаҳ созиш кард. Соли 1990 дар Анҷумани дуюми ҳизб (пленуми 18) ҲХДА заминаи назариявии худро тағйир дода, манифести нав қабул кард ва номи ҳизбро ба «Ватан» иваз кард. Ҳизби «Ватан» то соли 1992 дар Афғонистон ҳукмрон буд. Пас аз пошхӯрии ИҶШС ва аз даст додани кӯмаки Шӯравӣ, ҳизби «Ватан» қудратро аз даст дод ва худро пароканда кард. Қисме аз тарафдорони ҷиноҳи "Парчам" (асосан ғайрипаштунҳо) ба ҷузъу томҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва собиқ ҷиноҳи „Халқчиён“ ва ҷонибдорони Наҷибулло бо Гулбиддин Ҳикматёр иттифоқ бастанд.

Соли 2002 дар заминаи ҳизби "Ватан" — Ҳизби демократи Афғонистон таъсис ёфт.

  • Булатов Халқ ва Парчам: марҳалаҳои асосии мубориза барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон. Москва. Китоби илмӣ - 1997. ISBN = 5-7671-0036-5