Ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ
Зоҳир
Ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ, аз ҷумла дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад, ки аз ҳар кадом ҳавза 5-нафарӣ соҳиби ваколатномаи аъзои Маҷлиси миллӣ мегардад. Инчунин барои интихоби 35 фоизи ҳайати Маҷлиси намояндагон тибқи низоми мутаносибй дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳавзаи бнсёрмандатаи умумиҷумҳурӣ ташкил карда шуда, дар он 22-нафар соҳиби ваколатномаи вакили Маҷлиси намояндагон мегарданд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 504